Пешниҳоди вакил: касоне, ки алимент намесупоранд, дар шабакаҳо шарманда карда шаванд. ВИДЕО

Порлумони Қирғизистон лоиҳаи тағйирот ба қонун "Дар бораи вазъи судиҷрочиён" ва Кодекси оиларо баррасӣ мекунад. Муаллифи тарҳ вакили порлумон Максат Собиров аст.

Вакил пешниҳод дорад, ки иттилои қарздорони алимент дар шабакаҳо нашр, ҳуҷҷатҳои ронандагиашон гирифта ва иҷозаи шикорашон бекор шавад. Дар лоиҳа омадааст, ки чунин шаҳрвандон ҳамчунин аз ҳаққи ба хориҷ рафтан маҳрум шаванд. Дар ин бора рӯзи 19 феврал ТВ "Настоящее время" хабар дод.

Собиров мегӯяд, ҷомеаи Қирғизистон суннатист ва анъанаҳои мардумиро дар бисёри маврид нисбат ба қонун бештар риоя мекунанд. Дар ҳоли ҳозир падароне, ки алимент намесупоранд, бо андак ҷарима аз ҷавобгарӣ озод мешаванд. Вакил пешниҳод дорад, чораҳои сахттаре қабул шавад, ки ҳам ба ҷайб ва ҳам ба виҷдони алиментгурезон таъсир расонад.

"Агар 70 дарсади алимент пардохт нашавад, парвандаи ҷиноятӣ боз мегардад. Мо пешниҳод кардем, ки ба Кодекси маъмурӣ тағйирот ворид шавад ва ба ин тартиб, одамоне, ки алимент намепардозанд, аз ҳаққи ронандагӣ ва шикор маҳрум шаванд", - шарҳ дод Собиров.

Тағйирот ба Кодекси оила пешбинӣ мекунанд, ки ҳуқуқи кӯдакон дар дарёфти маълумоти олӣ риоя шавад: ҷуфтҳои аз ҳам ҷудошуда вазифадор мегарданд, ки харҷи таҳсили фарзанди муштаракашонро то синни 24-солагӣ баробар пардохт кунанд. Дар сурати сарпечӣ аз пардохти харҷ волидон ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Ба иттилои мақомоти додгоҳии Қирғизистон, дар он кишвар бештар аз 40 ҳазор шаҳрванд аз алимент қарздор ҳастанд. Болоравии шумори қарздорони алимент аз як сӯ ба бештаршавии талоқҳо ва аз сӯи дигар ба афзоиши бекорӣ рабт дорад.