Эрон талаби Амрико аз қудратҳои Аврупоро танқид кард

Муҳаммадҷавод Зариф

Вазири корҳои хориҷии Эрон талоши Вашингтонро барои фишороварӣ болои муттаҳидони аврупоиш танқид кард. Амрико аз кишварҳои аврупоӣ даъват дорад, ки аз созиши ҳастаии соли 2015 бо Теҳрон берун шаванд.

Муҳаммадзариф Ҷавод рӯзи якшанбе дар суханрониаш дар нишасти амниятии Мюнхен гуфт, "муовини раиси ҷумҳури Амрико “густохона” хостааст, то Аврупо ба Амрико ҳамроҳ шуда, ваъдаашро бишканад."

Ин изҳорот як рӯз баъди он садо дод, ки Майк Пенс, муовини Доналд Трамп аз Олмону Фаронса ва Бритониё хост, аз тавофуқномаи атомӣ бо Эрон хориҷ шаванд.

Бар асоси ин созиш, ки моҳи майи соли 2015 байни Эрон ва қудратҳои бузурги ҷаҳон сурат гирифт, Теҳрон дар ивази маҳдуд кардани барномаи ҳастаиаш баъзе аз имтиёзҳоро ба даст меовард.

Амрико дар моҳи майи соли гузашта аз ин тавофуқнома хориҷ шуд ва таҳримҳои иқтисодиро дубора алайҳи Эрон ҷорӣ кард.