Додситон хост, шарики собиқи Трамп ҷазои сахт бигирад

Пол Манафорт

Роберт Мюллер, додситони вижаи Амрико гуфтааст, ки Пол Манафорт, раиси собиқи ситоди интихоботии раиси ҷумҳур Доналд Трамп сазовори ҳукми тулонии зиндон аст.

Роберт Мюллер, ки парвандаи эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи президентии соли 2016-ро тафтиш мекунад дар ин бора рӯзи 15-уми феврал суҳбат кард.

Ба гуфтаи Роберт Мюллер, Пол Манафорт, ки як замон мушовири Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқи Украина буд, барои ҷиноятҳои иқтисодӣ аз ҷумла тақаллуби молӣ, пинҳон кардани даромад ва сарпечӣ аз пардохти молиёт сазовор аст, ки аз 19 то ба 24 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.

Пол Манафорт ба додситони вижа ваъда дода буд, ки дар ивази сабуктар кардани ҳукм тамоми ҳақиқатро ошкор мекунад, вале ба гуфтаи додситон баъди ин ваъда ҳам ба муфаттишон иттилои дурӯғ додааст. Роберт Мюллер дар санади пешниҳодиаш гуфтааст, “Пол Манафорт дар муддати бештар аз 10 сол тавре амал кард, ки худро болотар аз қонун медонист ва мақомоти федеролӣ ва дигар ниҳодҳои молиро аз миллионҳо доллар маҳрум кард.”

Пол Манафорт, ки ба зудӣ ҳукмаш содир мешавад, ҳамчунин бояд ба мақомоти Амрико 55 миллион доллар ҷарима бисупорад. Иттиҳомот ба зидди раиси собиқи ситоди интихоботии Доналд Трамп ба дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи Амрико иртиботи мустақим надоштааст.