Намоиши филми "арӯсрабоӣ" қирғизистониҳоро ба хашм овард. ВИДЕО

Саҳнае аз филми арӯсрабоӣ

Намоиши филми бисёрсериягии "Акшоола – Шуои сафед", ки яке аз қаҳрамонони он дуздида мешаваду баъди гуфтугӯ зиндагиро бо нафари рабоянда идома медиҳад, хашми корбарони қирғизро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

Ин филмро телевизиони асосии Қирғизистон тирамоҳи соли 2018 ба намоиш гузошт ва таҳиягаронаш мегӯянд, рабудани арӯс "анъанаи қадимӣ"-и мардуми қирғиз аст. Вале корбарон таҳиягарони онро дар таблиғи ҷинояткорӣ айбдор мекунанд.

"Шуои сафед" яке аз нахустин филми бисёрсериягӣ дар Қирғизистон аст. Онро Ширкати телевизион ва радиои ин кишвар бо пули буҷа ба навор гирифтааст. Ҳарчанд ҳаҷми харҷи филм гуфта намешавад, вале ба иттилои тасдиқношуда, дар таҳияи он 250 ҳазор доллар сарф шудааст.

Бештари бинандаҳоро филми мазкур ба ҳайрат овардааст. Яке аз қаҳрамонони он бо ҳадафи издивоҷи иҷборӣ дуздида мешавад ва шавҳараш чандин бор ӯро латтукӯб низ мекунад. Вале пас аз як суҳбат бо дугонааш, ки ӯро ба зиндагӣ ташвиқ мекунад, вазъ ғайриинтизор тағйир меёбад.

"Ҳамааш хуб мешавад, Ойпарӣ. Ту танҳо Амонро гунаҳкор накун. Шояд ту ҳам гуноҳе дошта бошӣ. Дар бораи ҷанбаҳои мусбати ӯ фикр кун. Аз ҳама муҳимаш ӯ туро дӯст медорад", - мегӯяд дугонааш ба арӯси рабудашуда.

Коргардони филм Ирис Окенова мегӯяд, "Шуои сафед"-ро дар асоси романе таҳия кардаанд, ки воқеияти таърихӣ дорад.

Шӯрои нозирони Ширкати телевизион ва радиои Қирғизистон ваъда додааст, ки дар наздиктарин ҷаласаи худ филмро баррасӣ хоҳад кард. Вале фаъолон мегӯянд, бо ирсоли як хитоба аз мақомот дархост хоҳанд кард, ки филм дубора намоиш дода нашавад.