Чиҳил соли зиндон барои қатли 6 мусулмон дар Канада

Александр Бизоннете

Додгоҳи Канада як ҷавонеро, ки шаш намозгузорро дар масҷиди шаҳри Квебек кушт, ба бештар аз 40 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми Александр Бизоннетеи 29-сола рӯзи 8-уми феврал содир шуд. Ӯ фақат баъди 40 сол ҳақ дорад, дархости авф кунад.

Ин ҷавон рӯзи 28-уми январи соли 2017 бо тирандозӣ дар масҷид 6 нафарро ба ҳалокат расонд. Франсуа Ҳуё, додраси парванда зимни қироати ҳукм гуфт, ки қотил нисбат ба “муҳоҷирони мусулмон нафрати амиқ доштааст.” Ӯ бо муроҷиат ба гунаҳкор гуфт, “Ту ҳафт ҳамватани худро барои он куштӣ, ки аз ту фарқ мекарданд.”

Додрас ҳамчунин гуфт: “Бо ин нафрату нажодпарастӣ, зиндагии онҳо, аз худат ва аз волидонатро зеру забар кардӣ. Ҷинояте, ки ту кардӣ сазовори сахттарин маҳкумият аст.”

Додрас тақозои 150 соли зиндонро, ки сахттарин ҳукм дар таърихи муосири Канада мешуд, рад кард, зеро ба гуфтаи ӯ, чунин ҷазо дарозтар аз умри қотил ва ноодилона мебуд.

Айман Дирбалӣ, ки дар натиҷаи тирандозӣ комилан фалаҷ шуд, гуфт, аз он маъюс шудааст, ки ба қотил ҳукми тулонитар надоданд. Ҷастин Трудо, нахуствазири Канада, тирандозиро ҳамлаи террористӣ номида, маҳкум кардааст.

Александр Бизоннете баъди намози шом ба масҷиди Квебек ворид шуда ба самти 40 нафар, ки дар байнашон кӯдакон ҳам буданд, тир андохт.