Парлумони Юнон барои тасвиби протоколи Македония овоз медиҳад

Парлумони Юнон қарор аст рӯзи 8 феврал протоколи ба узвияти НАТО пазируфтани ҳамсоякишвари Македонияро ба тасвиб расонад ва бо ҳамин қарор аст ихтилофҳое, ки даҳсолаҳо идома дошт, хотима меёбад. Овоздиҳӣ баъди он баргузор шуд, ки ин ҷумҳурии бахше аз Югославияи пешин розӣ шуд, ки бо талаби Юнон исмашро ба Македонияи Шимолӣ иваз кунад. Ин овоздиҳӣ шоми ҷумъа баргузор мешавад. Мухолифатҳои Юнон барои Македония номгузорӣ шудани кишваре дар Балкани Ғарбӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки Македония исми як вилояти қадимие дар қаламрави Юнон мебошад. Юнон гуфт, ҳаросаш ин аст, ки рӯзе ба хотири муштаракоти ном, иддаоҳои марзӣ сар мезанад. Ихтилоф дар исми кишвар талошҳои Македонияро барои узвияташ дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО дучори мушкил карда буд. Музокироти миёни Юнону Македония хеле мушкил пеш мерафт. Гурӯҳҳои миллатгаро дар ҳарду кишвар мухолифи ин созиш буданд. Вале дар ниҳоят нахуствазирони ду кишвар – Алексис Тсипсаси юнонӣ ва Зоран Заеви мақдунӣ тавонистанд ин созишномаро ба тасвиб расонанд, то ки равобити ду кишвар оддӣ шавад.