Як сол пеш аз интихоботҳои Тоҷикистон: ҳизби ҳоким анҷуман барпо кард

анҷумани ҳизби ҳоким дар соли 2018

Дар Душанбе рӯзи 7 феврал таҳти раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон анҷумани Ҳизби ҳокими халқии демократӣ баргузор шуд. Анҷуман пушти дарҳои бастаи маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони беш аз 4 ҳазор ташкилоти ҳизбӣ дар манотиқи кишвар баргузор шуд. Дар ҳоле, ки ҷузъиёти масоили мавриди баррасии ин анҷуман ҳанӯз нашр намешавад, бархе коршиносон мегӯянд, ин анҷуман соле пеш аз интихоботҳои кишвар баргузор шуда, ба хотири муайян кардани стратегияи ҳизб дар ростои интихоботҳои президентиву парлумонӣ барпо мешавад.

Аъзои ҳизби ҳоким аксариятро дар парлумони Тоҷикистон ташкил мекунанд ва бисёр тасмиму қарорҳо ва қонунҳову таҳрирҳо ба санадҳои ҳуқуқӣ бидуни баҳсу баррасиҳои зиёд қабул мешаванд. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дар мавқеи ин ҳизб дар интихоботи оянда ҳам ҳеҷ тағйироте намешавад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ҳизби халқии демократӣ аст ва интизор меравад, ки дар интихоботи президентии соли оянда ҳам дар сари қудрат боқӣ хоҳад монд.

Як намояндаи дафтари матуботи ҳизби ҳоким ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар анҷуман аз фаъолияти ҳизб дар соли 2018 натиҷагирӣ намуда, нақшаҳои ояндаи онро барои соли ҷорӣ муайян мекунад.

Ҳизби ҳоким соли 1994 таъсис ёфтааст. Ин ҳизб феълан шумораи аъзои худро беш аз 460 ҳазор нафар мегӯяд. Дар ҳоли ҳозир аксари мансабдорони ҳукуматӣ аъзои ин ҳизб мебошад.