Тоҷикистон мадраса надорад, динро кӣ таълим медиҳад? ВИДЕО

Сулаймон Давлатзода

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки қонунҳои кишвар таълими динӣ гирифтани кӯдаконро манъ накардааст. Вале онҳо бояд дар куҷо таълим бигиранд? Ин суол баҳсеро ба вуҷуд овардааст ва дар нишасти хабарии мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон низ мавзӯи асосӣ шуд.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ гуфт, ҳар наврас метавонад бо ризоияти волидон таълими динӣ гирад. “Барои таъсис додани гуруҳи таълимӣ литсензия (иҷозатнома) ҳам зарур нест”, - гуфт Сулаймон Давлатзода рӯзи 6-уми феврал дар нишасти матбуотӣ.

Аз раиси Кумитаи дин пурсиданд, ки дар Тоҷикистон чунин марказ ё маконе барои гирифтани таълими динӣ вуҷуд дорад? Ба ин пурсиш посухи мушаххас дода нашуд.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кӯдакони тоҷик дар куҷо таълимӣ динӣ гиранд?

Дар гузашта дар Тоҷикистон тақрибан 20 мадраса сабти ном шуда буд. Тайи тақрибан даҳ соли охир ҳамаи онҳо баста шуда, танҳо як Донишкадаи исломӣ дар Душанбе мондааст, ки қисман ба таълими динӣ машғул аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷавонони тоҷик ба донишкадаҳои исломии Русия рӯ овардаанд

Охири соли гузашта порлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”-ро ислоҳ кард, ки бар асоси он таъсиси ҳизбҳои динӣ манъ шуда, масъулияти омӯзиши динӣ танҳо ба ниҳодҳои давлатӣ вогузор карда шуд.

Вуҷуд надоштани макони махсус барои гирифтани таълими диниро бархе аз сокинон маҳдуд кардани ҳуқуқи диндорон медонанд. Дар ҳоле ки раиси Кумитаи дин мегӯяд, барои таъсиси гуруҳи таълими динӣ монеаи қонунӣ вуҷуд надорад, ҳамасола мақомоти расмӣ аз боздошти рӯҳониён хабар медиҳанд, ки ба таълими ғайриқонунии динӣ муттаҳам мешаванд

Ёқуб Ҳалимов

Бархе аз сокинон мегӯянд, маҳз ин гуна намоишҳои мақомот дар телевизион як навъ ҳаросро миёни ҷомеа ба миён овардааст ва ҳам сабаби фосила гирифтани руҳониён аз таълими динӣ шудааст. Ёқуб Ҳалимов, хабарнигори тоҷик, гуфт, “домуллоҳое, ки дар хонаҳояшон кӯдаконро таълими динӣ медоданд, тавассути расонаҳо бадном шуданд. Ва хабарҳо тарзе пешниҳод шуд, ки мардум аз фиристондани фарзандони худ ба назди рӯҳониён даст кашиданд.”

Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ шадидан танқид кардааст. Департаменти давлатии Амрико моҳи декабри соли гузашта дар гузориши худ дар бораи озодиҳои динӣ Тоҷикистонро ба гуруҳи "кишварҳои мавриди нигаронии хос" ворид кард.