Додгоҳи Қазоқистон муттаҳами "даъват ба ғасби ҳукумат"-ро сафед кард

Додгоҳи шаҳри Актауи Қазоқистон рӯзи 6 феврал сокини маҳаллӣ - Айгул Акбердиеваи 39-соларо сафед кард, ки дар "даъват ба ғасби ҳукумат" айбдор мешуд. Ин зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мукотибаҳои созмони дар Қазоқистон мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" ширкат кардааст.

Жанар Сундеткалиева, вакили мудофеи Акбердиева гуфт, ки нафари таҳти ҳимояи вай "барои вуҷуд надоштани ҷиноят" сафед карда шуд. Акбердиева айби эълоншударо рад мекунад.

Ҳукми додгоҳии Акбердиева дар ҳоле сурат мегирад, ки дар чандин шаҳри Қазоқистон баъди марги панҷ кӯдаки як хонавода дар таърихи 4 феврал, гирдиҳамоиҳо барпо мешавад. Акбердиева - модари 4 фарзанд дар додгоҳ гуфт, "вазъи иҷтимоии мардум бад аст" ва ба ин далел "аз сиёсатҳои давлат ҳимоят намекунад" ва дар бораи мафҳуми "даъват ба ғасби ҳукумат" танҳо дар додгоҳ огоҳӣ пайдо кард.

Акбердиева гуфт, "ҳаргиз касеро даъват накардааст ва танҳо фикри худро баён доштааст". Додситон аз додгоҳ хоста буд, ки ӯро панҷ сол зиндонӣ кунад, зеро гумони эълоншуда "комил исбот гардидааст".

Баррасии парвандаи Акбердиева ҳанӯз 24 сентябри соли гузашта шуруъ гардида буд. Шавҳари 45-солаи Акберидева - Абловас Ҷумаев бо айни ҳамин айб моҳи сентябр се сол зиндонӣ шуд. Ин зану шавҳар айбномаро сиёсӣ медонанд.