Кишварҳои узви НАТО рӯзи 6 феврал бо Македония як санади аъзогӣ имзо карданд, ки Скопйеро барои пазириш ба узвияти ин паймони низомӣ як қадам наздиктар мекунад. Ин созиш баъди он ҳосил шуд, ки Македония ва Юнон дар баҳси номгузорӣ шудани кишвар ҳама ихтилофҳоро бартараф карданд ва баъди ин муносибатҳои ду кишвар оддӣ шуд.
Вазири хориҷаи Македония Никола Димитров ҳамроҳ бо намояндагони 29 кишвари узви НАТО созишномае имзо кард, ки таҳти раҳбарии дабири кулли ин паймон Йенс Столтенберг дар Брюссел баргузор шуд. Столтенберг баъди ин маросим дар саҳифаи худ дар шабакаи Twitter навишт, ки “имрӯз як рӯзи таърихӣ аст. Ҳамаи кишварҳои узв протоколи узвият бо Македонияро имзо карданд, ки ба минтақа амният ва шукуфоии бештар меорад. Базудӣ қароргоҳи НАТО-ро 30 парчам оро хоҳад дод”.
Македония ва Юнон соли гузашта созишномаи тағйири ном кардани Македонияро ба Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ имзо карданд. Македония гуфт, умедвор аст, ки Юнон кишвари нахустини узви НАТО мешавад, ки протоколи узвиятро тасвиб мекунад ва баъди ин кишвар бо номи наваш номгузорӣ мешавад.
Шурӯъ аз соли 1991 Юнон бо “Македония” номгузорӣ шудани исми кишвари собиқ узви Югославия мухолифат дошт ва мегуфт, ки айни чунин номро як вилояти таърихии Юнон дорад. Ин санад бо номи “Созишномаи Преспа” маъруф шуд, ки ба номи дарёе гузошта шудааст, ки аз марзи ду кишвар мегузарад ва созишнома ҳам соли гузашта дар соҳилҳои ин дарё имзо шуда буд.
Дар Атен раиси маҷлис гуфтааст, ки протокол рӯзи 7 феврал вориди барномаи парлумон мешавад ва рӯзи 8 феврал овоздиҳӣ барпо хоҳад шуд.