Толибон ба музокироти Маскав ҳозир мешаванд

Ширкатдорони конфронси Маскав. 5 феврал

Ҳайате ба намояндагӣ аз мақомоти Толибон дар Маскав бо шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла, собиқ президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфтугӯ анҷом медиҳанд. Ин мулоқот, ки рӯзи 5 феврал бидуни ҳузури мақомоти расмии ҳукумати Афғонистон баргузор мешавад, мавриди интиқоди маъмурияти раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ қарор гирифт.

Ҳукумати Русия даст доштанаш дар корҳои тадорукотии ин нишастро рад карда мегӯяд, ҳамоише, ки музокироти сулҳ ба хотири хатми ҷанги 17-соларо ҳадаф дорад, аз ҷониби ҷамъияти афғонҳои муқими Маскав ташкил шудааст. Ин дар ҳолест, ки баргузории як нишасти баландпояе дар Маскав бидуни ризоияти Кремлин имкон надорад.

Карзай ба нишаст ҳозир мешавад

Раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло гуфт, ки дар маркази чунин музокираҳо бояд ҳукумати ин кишвар қарор дошта бошад ва афзуд, ки аз назари “Кобул чунин музокирот бояд дар шакли дигаргуна баргузор шавад”.

Ӯ гуфт, ки Толибон дар сулҳи Афғонистон як садди бузургтарин мебошанд, вале агар “нишасти Маскав тавонад роҳи музокироти воқеиро боз кунад, боз ҳам як пешравӣ хоҳад буд”.

ИМА дар робита бо ин нишаст расман изҳори назар накардааст. Дар нишасти Маскав ҳайати 10-нафараи Толибон ба раҳбарии Шермуҳаммад Аббос Станикзай иштирок мекунад. Инчунин интизор меравад, ки фармондеҳони бонуфузи ба сиёсат рӯоварда ҳам дар нишасти Маскав ҳозир шаванд.