Қарзҳои пардохтнашудаи муштариёни "Амонатбонк" яке аз сабабҳои аслии барканории Рӯҳулло Ҳакимзода аз раҳбарии ин бонк будааст. Сироҷиддин Икромӣ, раиси тозатаъйини "Амонатбонк", рӯзи 5-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон гуфт, интиқоди президент аз қарзҳое буд, ки мизоҷон натавонистаанд, саривақт ба "Амонатбонк" баргардонанд.
- Президенти Тоҷикистон чанде пеш дар ҷаласаи солонаи ҳукумат кори Рӯҳулло Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк”-ро танқид кард ва ӯро аз толори ҷаласа ҷавоб дод. "Интиқод аз раиси қаблӣ бевосита дар мавриди қарзҳо буд", - гуфт Икромӣ.
Муҳлат додем, то замоне ки шароити молиашон беҳтар шавад. Аз хона пеш кардан натиҷаи кор нест. Ҳарчанд зарар мебинем, интизор мешавем
Сироҷиддин Икромӣ рӯзи 22-юми январи имсол, чанд рӯз пас аз интиқоди раиси ҷумҳур аз фаъолияти "Амонатбонк" ба ҷои Руҳуллоҳ Ҳакимзода раис таъйин шуд. Вай аз соли 2015 дар мақоми муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон кор кардааст.
"Амонатбонк" бонки бузурги давлатии Тоҷикистон аст, ки пардохти ҳаққи нафақаи бознишастагон ва дигар пардохтҳои давлатӣ аз тариқи он сурат мегирад. То 5 соли пеш "Амонатбонк" 75 шӯъба дошт ва ба 6 ҳазор муассисаи давлатӣ ва тақрибан 750 000 ҳазор амонатгузор хидмат мерасонд.
"Кӯдаконро аз хона берун карда наметавонем"
Сироҷиддин Икромӣ гуфт, беш аз 90 дар сади қарзҳое, ки бонк ба муштариён додааст, мумкин аст, сари вақт пардохта шаванд. Раиси "Амонатбонк" гуфт, муштариён дар ивази қарз амволи худро ба гарав гузоштаанд ва бонк ба онҳое, ки дар бозгардонидан қарз сахтӣ мекашанд, муҳлати изофӣ додааст.
"Муҳлат додем, то замоне ки шароити молиашон беҳтар шавад. Аз хона пеш кардан натиҷаи кор нест. Ҳарчанд зарар мебинем, интизор мешавем", - гуфт Икромӣ.
Сандуқи қарзии "Амонатбонк", ба таъкиди масъулинаш, 752 миллион сомониро ташкил медиҳад ва бонк соли гузаштаро бо фоида ҷамъбаст кардааст.
Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҳоле ки фаъолияти бонк аз тарафи мақомот хуб арзёбӣ шуд, пас аз рондани роҳбараш аз толори ҷаласаи ҳукумат, кори он дар сархатти хабарҳо қарор гирифт. Ба назар мерасид, ки қарз ба ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ба як дарди сари бонк табдил ёфтааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ дар ҷаласаи ҳукумат ин қарзро ёдовар шудааст.
50 миллион сомонӣ ба "Тоҷик Эйр"
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эмомалӣ Раҳмон ду раҳбарро аз ҷаласаи ҳукумат "ҷавоб додааст"Раиси нави "Амонатбонк" гуфт, соли 2016 ба ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" 50 миллион сомонӣ додаанд, вале ширкат натавонистааст, қарз ва фоизҳои онро саривақт бипардозад. "Тоҷик Эйр" ҳоло дар банди буҳрон аст ва ҳавопаймоҳояш ҳам аз парвоз мондааст.
Коршиносон мегӯянд, додани 50 миллион сомонӣ ва ё 5 миллион доллар, ки барои "Амонатбонк" маблағи кам нест, "амали носанҷида буд". Ба таъкиди Зулфиқор Азизов, коршиноси соҳаи бонкӣ, пеш аз додани чунин маблағи калон бояд фаъолияти "Тоҷик Эйр" ва дурнамои он ҳаматарафа санҷида мешуд.
"Вақте “Амонатбонк” ба ширкати “Тоҷик Эйр” 50 миллион сомонӣ қарз медод, бояд дар ҳаҷми 75 миллион сомонӣ гарав мегирифт. Хоҳ ҳавопаймо аст ва хоҳ бинову иншоот", - гуфт Зулфиқор Азизов. Ба қавли ӯ, дар шароити Тоҷикистон додани як миллион доллар қарз ҳатто ба корхонаи фоидаовар риски зиёд дорад.
Иттиҳоми дуздии маблағҳо
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Блоки иқтисодӣ – "қаҳрамон"-и маҷлиси солонаи ҳукумат"Амонатбонк"-ро дар гузашта барои роҳ додан ба тақаллуб низ танқид кардаанд. Ҳафтаи гузашта Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бархе аз кормандони “Амонатбонк”-ро ба дуздии маблағи будҷа ва пасандози муштариён муттаҳам кард. Ба гуфтаи ин ниҳод соли 2018 дар ин бонк 16 миллион сомонӣ дуздии маблағ ошкор шудааст.
Ба қавли Файзалӣ Аҳмадзода, намояндаи Палатаи ҳисоб, сардори идораи муҳосиботи пардохти нафақаи “Амонатбонк” бо чаҳор корманди дигар дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон беш аз 1 миллион сомониро ба кортҳои пластикии шахсони номаълум гузарондаанд. "Дар бахши бонк дар ноҳия хазинадорон наздики 2 миллион сомонии пардохтҳои хизматрасониҳои комунналии мардумро ба бонк напардохта ва аз худ кардаанд", - гуфт ӯ.