Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ-ягона роҳ ба шимоли кишвар манъ шудааст. Масъулини ширкати IRS мегӯянд, боришот дар роҳ шадид аст ва онҳо водор шуданд, ки ҳаракат дар роҳи мазкурро боздоранд.
Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS рӯзи 5-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сар аз субҳи имрӯз ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт аз километри 47-ум ба Хуҷанд ва аз самти ноҳияи Айнӣ ба сӯи Душанбе манъ шудааст. Ба қавли ин масъули ширкати IRS, аз сабаби боришоти зиёд хавфи фаромадани тарма хеле зиёд аст.
Ҳоло маълум нест, ки ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд кай боз мешавад. Далери Абдулло мегӯяд, бо даст додани имконият кӯшиш мекунанд ҳаракатро дар роҳ барқарор кунанд.
Дар ду ҳафтаи ахир ин бори дуюм аст, ки роҳи Душанбе-Чаноқ баста мешавад.
Роҳи Душанбе-Чаноқ аз шоҳрагҳои нақлиётии Тоҷикистон вилояти Суғдро ба Душанбе пойтахти кишвар мепайвандад. Дар гузашта дар натиҷаи тарма дар ин роҳ даҳҳо нафар ҳалок шудаанд. Се корманди ширкати мутасаддии нигоҳубини роҳ низ ҳангоми поккорӣ зери тарма монда ба ҳалокат расидаанд.