Соли 2018 дар сохтмони "Роғун" 6 коргар ҷон бохтанд

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки соли 2018 дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" шаш нафар ҷон бохтаанд. Ҳамчунин соли гузашта дар ин "сохтмони аср"-и Тоҷикистон ду шаҳрванди Чин низ ҷароҳат бардоштаанд.

Санъат Раҳимзода, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки соли гузашта чӣ теъдоде аз коргарон дар ин сохтмони ҷон додаанд, гуфт, ки дар маҷмӯъ соли гузашта 6 нафар дар ин сохтмон ҷон дода, 7 нафари дигар ҷароҳатҳо бардоштаанд.

Санъат Раҳимзода гуфт, ки хадамот вазифадор шудааст, ҷуброни зарар ба кормандро аз ширкату корхонаҳои масъул дарёфт карда ва онро ба ҳалокшудагон ва хонаводаҳои осебдидагон бирасонад.

Вай афзуд, дар миёни афроди маҷрӯҳ 2 шаҳрванди Чин низ ҳастанд. Аммо дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон соли гузашта дар соҳаи кӯҳкорӣ ва саноат 5 шаҳрванди Чин ҷони худро аз даст дода, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гуфтаи вай, сабаби аслии ҷароҳат бардоштану ҷони худро аз даст додани коргарон дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, риоя накардани қоидаҳои бехатарии корҳо будааст. Дар маҷмӯъ, соли гузашта дар ин бахши иқтисоди Тоҷикистон 20 нафар ҷон бохта ва 20 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар миёни нафарони ҷонбохта 5 шаҳрванди Чин будаанд, ки умдатан машғули истихроҷи маодин дар конҳои марбут ба ширкатҳои чинӣ будаанд.

Санъат Раҳимзода, дар робита ба ҳодисаҳои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" гуфт, ки аз ҷумла, 4-уми марти соли гузашта васлгар Идибек Ҳасанзодаи 24-сола дар толори мошинҳои ин нерӯгоҳ аз беэҳтиётӣ бо садама дучор шуда, ҷароҳатҳои вазнин бардошт ва дар ҷойи ҳодиса ҷон дод. Рӯзи 23-уми марти ҳамон сол дар нақби СТ3-и нерӯгоҳ коргари муассисаи "Тоҷикгидромонтаж" Бобоқул Шаропови 45-сола низ дар як ҳодисаи монанд ҷони худро аз даст додааст.

Тирамоҳи соли гузашта ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, бар асари ду садамаи нақлиётӣ дар наздикии сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" чаҳор нафар фавтида ва шаш тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 27-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "аввал як нақлиёти хурди мусофирбар ҳангоми интиқоли 9 коргари нерӯгоҳ ба маҳалли сохтмон ба садама дучор шудааст. Ду нафар дар ҷойи ҳодиса ва як нафари дигар дар бемористон ҷон додаанд. Дар ҳодисаи дигар як "Камаз" ба дарё афтода, ронандааш ҳалок шудааст."

Барои табобати ин осебдидагон гурӯҳе аз пизишкони бемористони "Қарияи Боло"-и шаҳри Душанбе низ ба "Роғун" фиристода шуда буданд.

Аммо бештаре аз ҳодисаҳои нохуши соли гузашта дар конҳои маъдан рух додаанд. Ба гуфтаи Санъат Раҳимзода, коргарон бештар дар конҳои маъдани марбут ба ширкатҳои чинӣ ҷон бохтаанд ё ҷароҳатҳо бардоштаанд.

Вай афзуд, "боз ҳам ба такрор мегӯям, ки ҳамаи ин ҳодисаҳо дар сурати риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух додаанд. Масалан, дар як кони маъдан девори ҳимоятӣ вуҷуд надошт ва як коргар бо мошини омезиш медода афтод ва тикка-тикка шуд. Ҳодисаҳое буданд, ки коргаронро аз таркиши интизорӣ огоҳ накарданд ва онҳо дар пайи ин таркишҳо ҷони худро аз даст доданд".

Санъат Раҳимзода.

"Роғун" яке аз бузургтарин тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад ва барои бунёди он 14 ҳазор коргар ва мутахассис фаъолият доранд, ки дар миёни онҳо мутахассисон аз Эрон, Чин, Италия ва Русия низ ҳастанд.

Санъат Раҳимзода гуфт, ки хадамот вазифадор шудааст, ҷуброни зарар ба кормандро аз ширкату корхонаҳои масъул дарёфт карда ва онро ба ҳалокшудагон ва хонаводаҳои осебдидагон бирасонад.

Зимнан, давлати Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи Роғунро тарҳи ҳаёту мамот барои кишвар номидааст ва ширкати итолиёвии Салини Импреҷилоро масъули сохтмони ин нерӯгоҳ интихоб кард. Нахустин чархаи ин нерӯгоҳи тирамоҳи соли гузашта фаъол карда шуд ва интизор меравад чархаи дувуми он дар остонаи ҷашни Наврӯз мавриди истифода қарор дода шавад.

Садди нерӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад. Нерӯгоҳи Роғун шаш турбинаи 600 мегаватӣ хоҳад дошт ва бо тавоноии 3600 мегават қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта тасмим гирифта буд, ки барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 2 миллиард сомонӣ ихтисос диҳад. ​