Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷети 2019. "Роғун" аз пештар пули бештар гирифт. ВИДЕО


Соли 2019 барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" аз буҷети Тоҷикистон 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ ҷудо мешавад, ки нисбат ба имсол сад миллион сомонӣ бештар аст. Дар буҷети соли оянда афзоиши маош дар назар нест.

Ба гуфтаи бархе аз вакилон, ҳарчанд иҷрои буҷети соли оянда имконпазир ба назар мерасад, вале чанд омиле метавонад ба ин раванд монеъ шавад.

Вакилони порлумони Тоҷикистон 23 ноябр баъд аз баррасиҳои тӯлонӣ, аз тарҳи буҷети кишвар барои соли 2019 ҷонибдорӣ карданд ва акнун ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон ин санад барои имзои президенти кишвар, ирсол мешавад.

Ҳарчанд эҳсос мешуд, ки тарҳи буҷет барои соли оянда бо шитоб муҳокима ва тасвиб шуд, вале намояндаҳои мардумӣ дар ҷараёни сӯҳбатҳо ба вазирони Тоҷикистон нуктаҳои интиқодии худро матраҳ карданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ҳарчанд мақомот иддао дорад, ки буҷети соли оянда наҳваи иҷтимоӣ дорад, вале дар ин санад дар мавриди афзоиши маблағи бознишастагӣ ё будубоши ятимон ҳеҷ ишорае карда нашудааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Будҷаи соли 2019 қабул шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00

Хилолбӣ Қурбонзода, вакили мардумӣ гуфт, ки феълан барои нигоҳубини як ятим ҳукумат дар як рӯз 6 сомониву 70 дирам ихтисос медиҳад, ки кофӣ нест. Ё барои ҷарроҳии бемориҳои модарзоди кӯдакон мақомот дар буҷети соли оянда 400 ҳазор сомонӣ пешбинӣ кардааст. Ҳарчанд талабот ба 7 миллион сомонӣ вуҷуд дорад.

Буҷети​ 2019 бе боло бурдани маоши кормандони давлатӣ

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ таъйид кард, ки дар тарҳи буҷет боло бурдани маоши кормандони муасиссаҳои давлатӣ дар назар гирифта нашудааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон.

Вай афзуд: "Тибқи таҷрибаи соли ҷорӣ, мо ба тарҳи буҷет эҳтимоли афзоиши маош дар Тоҷикистонро ворид накардем. Вале, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мисли соли ҷорӣ метавонад бо фармони худ чунин тасмим бигирад ва мо вазифадор мешавем барои чунин афзоиши маош маблағ дарёфт кунем".

Тибқи тарҳи буҷети соли 2019, ки Вазорати молияи Тоҷикистон таҳия кардааст, бахши даромади он дар муқоиса бо соли ҷорӣ 13 дарсад бештар буда, дар сатҳи 23,8 миллиард сомонӣ (2,5 миллиард доллар) пешбинӣ мешавад. Дар қонуни буҷети имсол бахши даромад дар ҳаҷми 19 миллиарду 568 миллион сомонӣ ва хароҷот дар ҳудуди 19 миллиарду 863 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

2,2 млрд сомонӣ барои "Роғун"

Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта тасмим гирифта буд, ки барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 2 миллиард сомонӣ ихтисос диҳад. Файзиддин Қаҳҳорзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар соли оянда барои идомаи сохтмони ин нерӯгоҳ 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ ё муодили ҳудуди 222 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Дар посух ба ин савол, ки оё ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони ин нерӯгоҳ ба фурӯши иловагии ба истилоҳ "евробондҳо" рӯй меоварад, ҷаноби Қаҳҳорзода гуфт, ки "феълан аз фурӯши аввалии евробондҳо маблағ боқӣ мондааст, ва дар сурати зарурат шояд дар солҳои минбаъда ба ин кор даст зананд".

Маориф бештар маблағгузорӣ шуд

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, соли оянда арсаи омӯзишу парвариши кишвар низ бештар маблағгузорӣ мешавад. Дар посух ба ин савол, ки оё ин маблағ барои тавсеаи ин арса кофӣ аст, гуфт, ки бояд имконоти моливу иқтисодии кишварро фаромӯш накард.

Вай гуфт, "сармоягузории соҳаи маориф ҳамасола бештар мешавад. Дар соли оянда афзоиши беш аз 13 дарсадии ин арса дар тарҳи буҷет пешбинӣ шудааст. Кофӣ ё кам будани ин маблағро бояд бо дарназардошти вазъи моливу иқтисодии кишвар казоват кард".

Чӣ омиле метавонад монеи иҷрои буҷет шавад?

Таҳия ва тасвиби буҷети соли 2019 дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки низоми бонкии кишвар ҳамчунон дар пайи коҳиши маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ва таъсири таҳримҳои ғарбӣ алайҳи Москва дар вазъи ногувор қарор дорад.

Шариф Раҳимзода, раиси кумитаи иқтисод ва буҷети порлумон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд иҷрои буҷети соли оянда имконпазир ба назар мерасад, вале чанд омиле метавонад ба ин раванд монеъ шавад.

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва будҷаи порлумон.
Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва будҷаи порлумон.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳимзода, ҳарчанд имсол низ барои Тоҷикистон иҷрои нишондодҳои буҷет чандон содда набуд, вале аллакай дар моҳи сентябр ин нишондодҳо 104,4 дарсад иҷро шуда буданд ва соли оянда низ эҳтимол дорад дар пайи таҳримҳои нави Амрико бар зидди Русия, вазъи иқтисодии шарики стратегии мо чандон хуб нашавад.

"Яъне, вазъи иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони иқтисодии Тоҷикистон метавонанд ба раванди иҷрои нишондодҳои буҷет таъсири манфӣ расонанд", - афзуд Раҳимзода.

Мушкилиҳои иҷрои буҷет

Дар ҷараёни муҳокимаи порлумонии тарҳи буҷети соли ояндаи Тоҷикистон вакилони мардумӣ аз он изҳори норизоиятӣ карданд, ки тибқи таҷрибаи солҳои гузашта мақомот аз оғози сол ворид кардани тағйирот ба буҷети кишварро пешниҳод мекунанд, ки дар иҷрои он мушкилӣ пеш меояд.

Аз ҷумла, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ҳоло то 30 дарсади маблағи буҷети ба имтиёзҳое рабт мегирад, ки мақомот ширкатҳову муассисаҳои мухталифро аз пардохтҳои гумрукиву андоз озод месозад. Дар ҷаласаи имрӯз ҳам таъкид шуд, ки дар буҷети соли оянда то 70 дар сади бахши даромади буҷетро пардохтҳои андоз ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG