Аликбек Ҷекшенқулов, сафири Қирғизистон дар Русия таъсиси пойгоҳи дувуми низомии Русияро дар ҳудуди кишвараш аз эҳтимол дур намедонад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ дод.
"Ҳамаи ин суолҳо дар робита ба боз шудан ё нашудани пойгоҳи дувум дар назорати роҳбарияти кишвари мост. Таъсиси пойгоҳи дувуми низомӣ дар ҷануби Қирғизистон дар салоҳияти роҳбарияти олии ду кишвар аст. Ман фикр мекунам, ки ин масъала дар мулоқоти моҳи марти президентҳои ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд", - гуфт Ҷекшенқулов.
Дар ҳамин ҳол сафир афзуд, дар бораи интиқоли ҷангҷӯёни созмони террористии "Давлати исломӣ" аз Сурияву Ироқ ба шимоли Афғонистон хабар мерасад. "Эҳтимоли вуруди онҳо ба Тоҷикистон ва баъдтар ба кишвари мо, мутаассифона, тақвият меёбад", - гуфт сафир.
Дар Қирғизистон чанд иншооти низомии Русия ҷойгир аст. Бузургтарини онҳо - пойгоҳи ҳавоии Кант аст. Соли 2012 ҳамаи иншооти дигари низомии шомили пойгоҳи ҳавоӣ шуданд. Пойгоҳи ҳавоӣ дар тобеияти худ аэродроми Кант, пойгоҳи обии низомии Иссиқкӯл, маркази зилзиласанҷӣ дар шаҳри Майлуу-Суу ва мавҷгири шаҳраки Чалдоварро дорад.
Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон моҳи декабри соли 2018 гуфта буд, ки барои кишвараш як пойгоҳи низомии Русия кофист ва гуфтугӯе дар мавриди пойгоҳи дувум сурат нагирифтааст.