Аликбек Ҷекшенқулов, сафири Қирғизистон дар Маскав мегӯяд, таъсиси пойгоҳи дуввуми низомии Русия дар қаламрави кишварашро сарфи назар намекунад.
Хабаргузории давлатии ТАСС-и Русия рӯзи 1-уми феврал мусоҳибаи дипломати қирғизиро нашр кард, ки гуфтааст, “Масъалаи таъсис додан ва ё таъсис надодани пойгоҳ зери назорати мустақими раҳбарияти кишвар ва сохторҳои низомӣ аст. “ Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст, ин масъала дар мулоқоти раҳбарони Русияву Қирғизистон дар моҳи март баррасӣ шавад.
Аликбек Ҷекшенқулов гуфтааст, ки хабарҳо дар бораи интиқоли ҷангҷӯёни гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ ба манотиқи шимолии Афғонистон зиёд мешавад.
Аз ин рӯ ба қавли ӯ “эҳтимоли рахна шудани марзи Тоҷикистон аз тарафи онҳо афзудааст”. Русия дар Қирғизистон як пойгоҳи низомӣ дорад, вале бузургтарин пойгоҳаш дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир шудааст.
Сооронбой Жеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон моҳи декабри соли 2018 гуфт, ки ҳузури як пойгоҳи Русия дар кишвараш кофист ва суҳбате ҳам дар бораи ифтитоҳи пойгоҳи дуввум сурат нагирифтааст.