Як захмӣ дар занозании хонандаҳои мактаб дар Душанбе

Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи занозании як гурӯҳ аз хонандагони синфи 11-ум дар маркази шаҳри Душанбе, ки аз корд низ истифода шудааст, як нафар шадидан захмӣ шуда ва дар бемористон бистарӣ гардидааст.

Дар идораи пулиси шаҳри Душанбе гуфтанд, ки занозанӣ нимрӯзии 2-юми феврал миёни як гурӯҳ аз хонандагони синфи 11-уми мактаби рақами 1 ва литсейи Донишгоҳи миллӣ дар назди бинои "Душанбе-Плаза" сурат гирифтааст.

Як манбаъ дар идораи пулиси пойтахт гуфт, яке аз саркардаҳои ин даргирии гурӯҳӣ боздошт шуда, “тафтишот идома дорад". Ӯ афзуд, Фирӯз, хонандаи синфи 11-уми мактаби 1, ки дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштааст, “феълан дар Бемористони ёрии таъҷилӣ ҷарроҳӣ мешавад”.

Яке аз пайвандони Фирӯз дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ маҷруҳ шудани ӯро тасдиқ кард, вале гуфт, ҳанӯз тафсилоти ҳодисаро намедонад.

“Ба ман соати ду занг зада, хабар доданд, ки Фирӯз ҷарроҳӣ мешавад. Дар бораи ҳодиса иттилои комил надорам. Танҳо медонам, ки дар пайи ин ҳодиса ӯ маҷруҳ шуда, иштирокдорони дигар аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд”, - афзуд мусоҳиби мо.

Дар ҳоли ҳозир тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Аммо солҳои охир занозанӣ миёни хонандаҳои мактаб бештар шудааст. Дар яке аз чунин ҳодисаҳо дар соли 2017 ду ҷавон кушта шуданд.

Нигаронӣ аз афзоиши ҷинояткории ҷавонону ноболиғон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аз соли 2011 қонуни масъулияти волидон дар тарбияи фарзандон амал мекунад ва ҷазо барои тарбияи носолими фарзанд барои падару модарро шадид кардааст.