Reuters: Венесуэла ба Имороти Араб 15 тона тило мефурӯшад

Президенти Венесуэла Николас Мадуро

Венесуэла ба Имороти Муттаҳидаи Араб 15 тона тило мефурӯшад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 31 январ бо такя ба манбааш дар Каракас гузориш дод. Ба иттилои манбаъ, Бонки марказии Венесуэла як қисми тилоро бо евро табодул мекунад.

Ҳамсуҳбати хабаргузорӣ гуфтааст, 26 январ Венесуэла ба Риёз бо як ҳавопаймо 3 тона тило интиқол додааст. Дар маҷмуъ ин кишвар тасмим дорад, 29 тона тилои Бонки марказиро фурӯшад.

Нашрияи "Новая газета" рӯзи 31 январ хабар дод, қисме аз тилоҳои захиравии Венесуэла, ки дар Москва нигаҳдорӣ мешуданд, бо ҳавопаймои борбаре ба Дубай интиқол ёфтанд ва онҷо фурӯхта шудаанд. Баъди он ҳавопаймои борбар маблағҳоро ба Каракас интиқол додааст.

Ба иттилои расонаҳо, то моҳи январ дар Русия наздики 30 тона тилои Венесуэла нигаҳдорӣ мешуд, ки арзиши бозории он 1,2 миллиард долларро ташкил медод. Бонки марказии Русия иттилоъ дар бораи фурӯши тилоҳоро рад мекунад.

Моҳи январ Бонки Англия, ки қисме аз тилоҳои Венесуэла дар он нигаҳдорӣ мешуд, дастарсии мансабдорони Венесуэларо ба тилоҳо маҳдуд кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории Bloomberg. Хуан Гуайдо, роҳбари мухолифон тасмим дорад, ин захираро дастрас кунад. ИМА ва аксари кишварҳои Амрикои Лотинӣ Гуайдоро президенти муваққати Венесуэла эътироф кардаанд. Ӯ ду ҳафта пеш дар пасманзари буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ худро президенти муваққатӣ эълон кард.