Сохтмони ду гузаргоҳи сетабақа дар ғарби шаҳри Душанбе то поёни соли ҷорӣ анҷом меёбад. Ин хабарро дар нишасти матбуотии шаҳрдории Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода рӯзи 31-уми январ тасдиқ кард.
Дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки чаро сокинони чанд маҳаллаи маскунӣ дар миёни ин ду эстакада дар инзиво қарор доранд, ҷаноби Зубайдзода гуфт, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз ошноӣ бо вазъи сохтмони ин ду гузаргоҳ дастур дод, ки умури сохтмонӣ то поёни соли ҷорӣ анҷом дода шавад.
Вай афзуд, "воқеан, ҳолати баде сурат гирифт, ки ҳазорон сокинони маҳаллаҳои 82, 92, 102 ва 84 дар инзивои иртиботӣ қарор гирифтанд. Мо тасмим гирифтем то охири соли ҷорӣ сохтмони ду эстакадаи сетабақа ва ду эстакадаи дутабақа аз назди бемористони Қарияи Боло то сафорати Амрико дар Душанберо қабл аз мӯҳлат анҷом бидиҳем. Зеро, хусусан дар фасли сармо зиндагии сокинони ин маҳаллаҳо бо душвориҳое рӯбарӯ шудааст".
Сокинони маҳаллаҳои миёни бинои ширкати "Барқи тоҷик" ва бинои мағозаи маъруф ба "Самсунг" тӯли беш аз ним соли ахир аз роҳҳои иртиботӣ маҳрум буда, дар як моҳи ахир комилан дар бунбаст қарор гирифтаанд. Сокинони ин маҳаллаҳо, ки теъдодашон ҳудуди як сад ҳазор нафар аст, мегӯянд, дар сурати зарурӣ ба манзилӣ онҳо на мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" ва на сӯхторхомушӣ дастрасӣ надоранд.
Бозсозии роҳи мошингард аз муҷассамаи Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанберо созмонҳои молии байналмиллӣ сармоягузорӣ мекунанд. Дар чаҳорчӯби ин тарҳ сохтмони ду чорроҳаи сетабақа ё эстакада дар назар аст. Сохтмони эстакадаи аввалӣ ду сол қабл оғоз шуда, соли гузашта қисме аз он мавриди истифода қарор дода шуд.
Аммо то ҳол танҳо табақаи поинии он фаъол мебошад. Сохтмони эстакада дар маҳаллаи мавсум ба Қарияи Боло соли 2018 оғоз шуд ва мақомот гуфта буданд, ки то ду соли дигар анҷом дода мешавад. Ҳамчунин сохтмони ду чорроҳаи дутабақа дар ин масир дар назар аст ва корҳои сохтмонӣ дар онҳо идома дорад. То он замон сокинони маҳаллаҳои миёни ин ду роҳи сетабақа чӣ гуна бояд зиндагӣ кунанд, норӯшан боқӣ мемонад.