Айбдоркунандаи давлатӣ 21 январ барои генерали пешини Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон (Хадамоти амнияти миллии пешин ё СНБ) Ҳаёт Шарифхоҷаев ҳабси якумрӣ талаб кард. Парвандаи Шарифхоҷаевро додгоҳи низомии Узбекистон пушти дарҳои баста баррасӣ мекунад.
Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти адлияи Узбекистон, Шарифхоҷаеви 52-сола дар анҷоми як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла "сӯиистифода аз мақом, ташкили гуруҳи ҷиноӣ, шиканҷа ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани афроди бегуноҳ" айбдор мешавад.
Сардори хадамоти таъмини амнияти ҳайати шахсии СНБ Узбекистон Шарифхоҷаев 30 марти соли гузашта дар асоси баёноти сардори пешини Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои молӣ, андоз ва пулшӯии ноҳияи Чилонзори ин кишвар Зиёдулло Иногамов боздошт шуд.
Он рӯз манзили зисти ӯ дар ноҳияи Мирзоулуғбеки шаҳри Тошканд ва хонаи ҳамсари пешинаш дар маҳаллаи "Бешагач" кофтукоб шуданд. Тайи чаҳор соли ахир ин бори дувум буд, ки Шарифхоҷаевро дастгир мекунанд.
Баҳори соли 2015 зидди ӯ бо ҷурми фасодкорӣ ва азхудкунии пулҳои буҷаи давлат парванда боз шуда буд. Манобеъ он замон хабар доданд, ки генералро боздошт карданд. Вале ӯ чӣ гуна озод шуд, маълум нест.
Ба гуфтаи манобеъ, генерал Шарифхоҷаев ва бародари хурдиаш полковники амният Ҷавдат Шарифхоҷаев "маъракаи роҳандозишуда" зидди духтари калонии президенти пешини Узбекистон Гулнора Каримоваро раҳбарӣ мекарданд. Каримова моҳи декабри соли 2013 дар суҳбат бо нашрияи туркии "Ҳуррият" гуфт, бародарон Шарифхоҷаевҳо дар фасодкорӣ даст доранд.
Дертар Каримова бо нашрияи швейтсарии Bilan дар бораи фасодкории Ҳаёт Шарифхоҷаев муфассалтар суҳбат кард. Шарифхоҷаев он замон муовини раиси СНБ Узбекистон Рустам Иноятов буд.