Ситоиши Майк Помпео аз пешрафт дар гуфтугуҳо бо Толибон

Майк Помпео

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико аз “пешрафтҳои чашмгир” дар гуфтугуҳо бо Толибон суҳбат ва ҷараёни ин гуфтугуҳоро ситоиш кард. Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон рӯзи 6-ум аст, ки бо намояндагони Толибон дар Қатар дар бораи хотима додан ба ҷанги 17-солаи онҳо дар Афғонистон гуфтугу дорад.

Майк Помпео рӯзи 26-уми январ дар Твиттер навишт, ки хабарҳои ташвиқкунандаеро аз Залмай Халилзод дарёфт кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки Залмай Халилзод аз “пешрафтҳои чашмгир дар гуфтугу бо Толибон дар бораи сулҳи Афғонистон гузориш медиҳад”.

Вазири умури хориҷии Амрико ҳамчунин гуфтааст, кишвараш талошҳо барои расидан ба сулҳ дар Афғонистонро бо ҷиддият пеш мебарад ва намегузорад, ки ин кишвар ҷое барои терроризми байнамилалӣ бошад.

Аз ин пештар Залмай Халилзод гуфт, ки дар гуфтугуҳояш бо Толибон пешрафти чашмгир ҳосил шудааст, вале афзуд, ҳеҷ созише бо онҳо ниҳоӣ нашудааст.