Бейдери амрикоӣ Емеляненкои русро бо нокаут шикаст дод

Фёдор Емеляненко дар набард бо Ҷефф Ҷонсони амрикоӣ дар мусобиқаи соли 2011

Размандаи услуби омехта (ММА) Райан Бейдери амрикоӣ дар финали "Гран-при" Bellator дар вазни сангин Фёдор Емеляненкои русро бо нокаут шикаст дод. Дар ин бора нашрияи “Спорт – Экспресс” хабар додааст.

Сабқат миёни Бэйдери 35-сола ва Емеляненкои 42-сола шаби 26-ум ба 27-уми январ дар Инглвуди иёлати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд. Рақобат ҳамагӣ 34 сония идома кард. Дар арафаи ин қувваозмоӣ Емеляненко нисбат ба рақибаш 3,8 килограмм вазнинтар буд. Бейдер 103,4 кг ва Емеляненко 107,2 кг вазн доштанд.

Ҳамин тариқ, Бейдер аввалин қаҳрамони Bellator дар як вақт дар ду дараҷаи вазнӣ гардид. Ӯ дар ММА 27 пирӯзӣ ба даст оварда, дар панҷтоаш мағлуб гаштааст.

Емеляненко бошад, дар ММА 45 сабқат карда, дар 38-тоаш ғолиб омадааст ва дар 6-тоаш шикаст хӯрдааст, боз як қувваозмоӣ доирнашуда ҳисобида шудааст. Пештар ӯ қаҳрамони ташкилотҳои Rings, Pride ва M-1 Global гардидааст.