Роҷер Стоун, яке аз шарикони президенти Амрико Доналд Трамп, рӯзи 25-уми январ бо чанд иттиҳоми марбут ба таҳқиқоти Роберт Мюллер, дар заминаи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи ИМА, дар Флорида боздошт шуд.
Боздошти Стоун дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзи 24-уми январ бар пояи қарори доварони аршад, ки дафтари прокурори махсус Мюллер нашр кард, алайҳи ӯ аз рӯи ҳафт банд айб эълон шуд.
Ба гуфтаи масъулони дафтари Мюллер, Роҷер Стоун - шарики қадимӣ ва мушовири маъракаи интихоботии Доналд Трамп - аз рӯи як банд ба эҷоди монеа ба бозҷӯии додгоҳӣ, аз рӯи панҷ банд ба додани шаҳодати бардурӯғ ва аз рӯи як банд ба дасткории шоҳид муттаҳам мешавад.
Иттиҳом алайҳи Стоун ҳамоҳангӣ бо Русия ва дахолати ҳукумати Русия дар умури интихоботи соли 2016-и Амрикоро дар бар намегирад.
Аммо он дар бораи баҳсҳои Стоун оид ба имейлҳои дуздидашудаи Ҳизби демократ аз ҷониби Wikileaks чанд ҳафта пеш аз интихобот, ки дар он Трамп ба номзади демократҳо Ҳиллари Клинтон пирӯз шуд, ҷузъиёт медиҳад.
Мюллер мегӯяд, он имейлҳо ба Ҷон Подеста, раҳбари маъракаи интихоботии Клинтон тааллуқ дошт ва аз ҷониби афсарони истихбороти Русия рахна шуд.
Роҷер Стоун нимаи дуюми рӯзи 25-уми январ дар ростои додгоҳи Флорида ҳозир мешавад.