Трамп барои оғози кори ҳукумат пешпардохти деворро мехоҳад

Баҳси "шатдаун" дар Кохи Сафед

Президент Трамп ба ҳеҷ як созиши кӯтоҳи оғози фаъолияти ҳукумат розӣ нест, магар ки пешпардохти чашмгири девори ваъдагӣ ба он илова шавад.

Изҳороти сухангӯи Кохи Сафед Сара Сандерс дар ин робита дар ҳоле пахш шуд, ки раҳбари ҷиноҳи аксарияти ҷумҳурихон дар Сенат Митч Макконелл ва раҳбари демократҳо дар Сенат Чак Шумер барои дарёфти роҳи мусолиҳа мулоқот карданд.

Субҳи 24-уми январ Сенат пешниҳодҳои рақобатии демократҳо ва ҷумҳурихоҳонро барои хотима додан ба тӯлонитарин "шатдаун", ки 34 рӯз боз давом дорад, рад кард.

Ин ҳафта ҳудуди 800 ҳазор корманди давлатии Амрико бори дувум аз маош маҳрум шуданд.

Вазири тиҷорати Иёлоти Муттаҳида Уилбур Росс рӯзи 24-уми январ аз кормандони ҳукумати федеролӣ даъват кард, ки барои пардохти ҳисобҳои худ қарз бигиранд. Ӯ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNBC гуфт, як нуктаро намефаҳмад, ки чаро коргарон мушкил доранд?

Раиси палатаи поёнии Конгресс Ненси Пелоси шарҳи вазирро танқид кард.

"Ин ҳамон бархӯрде аст, ки яъне "равед, ягон кулча хӯред ё аз падаратон пул пурсед", - гуфт Пелоси дар нишасти матбуотии рӯзи 24-уми январ.