Дар Британия ҷустуҷӯи ҳавопаймоеро, ки бозигари футбол аз дастаи "Кардифф" Эмилиано Сала дар он буд, қатъ карданд. Дар ин бора пулиси ҷазираи Гернси рӯзи 24 январ хабар дод. Ба гуфтаи пулис, ҳеҷ шонсе вуҷуд надорад, ки сарнишин ва Сала ҷон ба саломат бурдаанд.
Дар санаде, ки пулис нашр кард, гуфта мешавад, ки талоши ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти оҷил натиҷа надоданд - нишоне аз ҳавопаймои гумшуда ошкор нашуд.
Рӯзҳои ахир амалиёти ҷустуҷӯи пилот ва бозигари футбол бо истифода аз се ҳавопаймо ва панҷ чархбор ба таври павайста ҷараён гирифт,- гуфта пулиси ҷазираи Гернси, ки дар канали Ла-Манш ҷойгир аст.
Баъди эълони қатъ шудани амалиёти ҷустуҷӯ Ромина - хоҳари Эмилиано Сала дар нишасти матбуотӣ бо гиря даъват кард, ки амалиёти кофтукоб аз сар гирифта шавад, зеро ӯ бовар дорад, ки бародараш зинда аст.
Ҳавопаймои якмуҳаррикаи Piper Malibu шоми 21-уми январ бо ду нафар: бозигари футбол Эмилиано Сала ва пилот аз фурудгоҳи шаҳри Нанти Фаронса баланд шуд. Вақте ҳавопаймо ба ҷазираи Ҷерсии Британия дар тангнои Ла-Манш наздик мешуд, пилот аз танзимгари парвозҳо иҷозаи поёншавӣ хост. Ҳавопаймо то 700 метр поён омад ва баъдан аз экрани радарҳо нопадид шуд.
Ҷустуҷӯро рӯзи сешанбе оғоз карданд. Бино ба баъзе хабарҳо, дар баҳр, наздикии ҷазираи Ҷерси, ашёи номаълум мушоҳида шуд, аммо пораҳои ҳавопаймо будани ин ашё тасдиқ нашудааст.
Вазъро пайғоми садоӣ, ки Сала аз дохили ҳавопаймо фиристод, бештар драматик кард. Нашрияи Clarin суханони бозигари футболро нашр кард, ки гуфтааст: "дар дохили ҳавопамоям, тавре менамояд, ки ҳавопаймо ҳоло пора мешавад... Агар то ним соати дигар аз ман хабаре нашуд, -намедонам оё онҳо касеро ба ҷустуҷӯ мефиристанд ё не, зеро онҳо намеёбанд, - он вақт медонед, ки чӣ ҳодиса шуд. Чӣ қадар ваҳмнок аст". Маълум нест, ки нигаронии бозигари футбол аз чӣ буд - ҳолати ҳавопаймо ё шароити боду ҳаво.
Эмилиано Салаи 28-сола солҳои тӯлонӣ дар Фаронса бозӣ мекард ва клуби охирини ӯ "Нант" буд.
Чанде пеш ӯ бо клуби "Кардифф Сити", ки дар бозиҳои лигаи олии Англия иштирок мекунад, ба маблағи рекордӣ дар таърихи клуб - 17 миллион евро қарордод имзо кард. Бозигари аргентинӣ барои бозии аввал дар ин даста ба Кардифф парвоз мекард.