Таъқиби муҳоҷирони корӣ баъди таркиши Магнитогорск афзоиш ёфт

Ҳусниддин Зайнобиддинов

Пас аз таркиши бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва як мусофирбар дар минтақаи Магнитогорск дар рӯзи 31-уми декабри соли 2018, боздошти гумонбарони ҳодисаҳо ҳанӯз идома дорад.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва наздикони шаҳрванди Қирғизистон Ҳусниддин Зайнобиддинови 29-сола, ки аз сӯи Хадамоти амнияти Русия боздошт шудааст, мегӯянд, ӯро шаш соат шиканҷа кардаанд, то гуноҳи нокардаро ба дӯш бигирад.

Кормандони пулис санади ронандагон ва шаҳрвандони Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро месанҷанд, ки дар фурӯшгоҳи "Гранд" ва "Бозори сабз" дар кӯчаи Вокзалӣ кор мекунанд.

Раҳбарияти пулиси маҳаллӣ ин рейдҳоро на "поккории гуруҳӣ"-и муҳоҷирон, балки чораҳои муқаррарии пешгирикунанда меноманд. Бино ба хабарҳо, нозирони минтақавии Магнитогорск вазифадор шудаанд, ки дар ҷустуҷӯйи муҳоҷирон тамоми хонаҳоро як ба як бигарданд.

Сокини 29-солаи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон Ҳусниддин Зайнобиддинов яке аз онҳоест, ки дар натиҷаи рейдҳои ахир боздошт шуд. Ӯро мақомоти Қирғизистон бо ҷурми даст доштан дар ҳаводиси хунини соли 2010 дар ин кишвар ва иштирокаш дар "эътирозҳои ғайриқонунӣ" таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода буданд. Зайнобиддиновро маъмурони амниятӣ ва пулис рӯзи16 январ ҳамроҳи зану фарзандаш дар Магнитогорск, дар манзили иҷорааш, воқеъ дар наздикии бинои таркида боздошт карданд.

Ҳамсари Зайнобиддинов -- Ҳалимахон мегӯяд, шавҳари ӯро кормандони ҳифзи ҳуқуқ шаш соат бозпурсӣ ва шиканҷа кардаанд. "Вақте дар бинои пулис бо ӯ мулоқот кардам, сару рӯяш сиёҳу чашмонаш сурх буд ва дар биниаш осори латтукӯб дида мешуд. Ҳусниддин гуфт, вайро дар шуъбаи пулис шаш соат шиканҷа карданд. Ба гӯшу сараш барқ мондаанд. Ӯ аз ҳуш рафтааст", -- изҳор дошт Зайнобиддинова. Ба гуфтаи ӯ, шавҳарашро маҷбур кардаанд, ки айбномаи сохтаро ба гардан бигирад.

Ҳусниддин Зайнобиддинов дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии рақами 2-и шаҳри Магнитогорск қарор дошта, рӯзҳои наздик аз Русия ба Қирғизистон истирдод хоҳад шуд.