Дар марзи Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон 22 постгоҳи нав гузоштанд

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар марз бо Афғонистон ва дар роҳи вуруди силоҳ ва маводи мухаддир ба кишвар, 22 постгоҳи нав гузоштанд. Ба қавли мақомот, ин постгоҳҳо дар минтақаҳое фаъол шудаанд, ки қаблан тариқи он ба Тоҷикистон, бахусус вилояти Бадахшон силоҳ ва маводи мухаддир ворид мешуд.

Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилояти Бадахшон дар як изҳороти худ гуфт, минтақаҳои марзие, ки дидбонгоҳҳои нав фаъол шуданд, дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ ҷойгир буда, аз манотиқи осебпазири марзӣ ба ҳисоб мераванд.

"Ҷиҳати мустаҳкам намудани ҳифзи сарҳад бо вилояти Бадахшони Афғонистон 22 постгоҳи иловагӣ-сарҳадӣ дар минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ, ки асосан силоҳ ва маводи мухаддири гурӯҳҳои муташаккил аз ин минтақаҳо интиқол меёбанд ташкил шуд",-гуфт манбаъ.

Мақомоти интизомӣ дар вилояти Бадахшон мегӯянд, ахиран чаҳор нафар сокини Рӯшонро бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт кардаанд. Масъулини Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилояти Бадахшон, ки аз моҳи сентябр ба ин тараф амал мекунад ҳамчунин мегӯянд, дар ин муддат аз сокинони Бадахшон 362 адад силоҳ мусодира кардаанд. Қаблан хабарҳое пахш шуда буд, ки баъзе аз ин силоҳҳо аз марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштаанд.

Постгоҳҳои нав дар ҳоле дар марз бо Бадахшон Афғонистон гузошта мешаванд, ки қаблан мақомоти тоҷик гуфта буданд, миқдори зиёди маводи нашъадор ва силоҳ дар марзи Афғонистон ҷамъ шудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқбар ва ифротӣ марз осебпазир боқӣ мемонад.

Тибқи омори мақомоти марзбонии Тоҷикистон, дар нӯҳ моҳи соли гузашта дар марз 20 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, 11 қочоқӣ кушта шудааст. Ба иттилои нерӯҳои марзбонӣ, дар пайи задухӯрдҳо аз қочоқчиён беш аз 1300 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст.

Марзи Тоҷикистон дар соли гузашта шоҳиди муноқишаҳои зиёде буд. Муҳимтарини онҳо ҳамла ба як мошини ҷангалбонони тоҷик буд, ки моҳи август дар минтақаи наздимарзии ноҳияи Фархор рух дод. Дар ин ҳодиса Ҳамрохон Саидов ва Давлат Сангинов кушта шуданд. Инчунин дар аввалин рӯзи соли нав гурӯҳи ношиносе Тӯрахон Нурматов, як чӯпони тоҷикро дар марз бо Афғонистон рабуданд.