Маъмурони милисаи шаҳри Исфара мардеро дастгир кардаанд, ки ба дуздии 80 ҳазор рубли русӣ (муодили беш аз ҳазор доллари амрикоӣ)-и як намозгузор дар дохили масҷид гумонбар аст. Ҳодиса рӯзи 21-уми январ дар масҷиди маркази шаҳри Исфара рух додааст.
Ҷамолиддин Шаҳобиддинов, имом-хатиби масҷиди ҷомеи Исфара, рӯзи 24-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шиносоии чеҳраи гумонбар бо кумаки дурбини назоратӣ имконпазир шуд. "Дуздӣ қабл аз намози пешин дар утоқи либоскашии масҷид рух додааст", - афзуд ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз дуздии калӯш то дуздии “протсессор” дар масҷидҳои ТоҷикистонБа қавли имом-хатиб, пас аз адои намоз масъулони масҷид аз намозгузорон хоҳиш кардаанд, ки ба берун нараванд, чун пули яке аз намозгузорон гум шудааст. Вале шахси гумонбар бо баҳонаи ин ки ба кор шитоб дорад, зуд масҷидро тарк кардааст.
Шаҳобиддинов гуфт, "баъди рафтани ӯ наворҳои дурбини назоратиро дидем, ки фақат ҳамон кас ба назди либосҳо рафта, ҷайбро кофтааст. Ман нагуфтам, ки дузд ҳастед. Гуфтам, ки агар пулро гирифта бошед, ба хотири Худо ба соҳибаш баргардонед. Аммо ӯ ба гардан нагирифт. Пас аз он гуфтам, ки ба милиса муроҷиат кунед, агар ӯ аз Худо шарм медошт, ин корро намекард."
Исми гумонбар ва шахси ҷабрдида ошкор намешавад. Танҳо маълум шудааст, ки марди ҷабрдида 44 сол дошта ва дар мактаби маҳаллӣ ба ҳайси омӯзгор кор мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дуздӣ аз қабристон (ВИДЕО)Мақомоти пулиси Исфара гуфтанд, гумонбар сокини 56-солаи ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара буда, нисбат ба ӯ бо иттиҳоми дуздӣ парванда боз шудааст. Ба қавли манбаъ, ӯ соҳибкорӣ мекард.
Мақомоти умури дин дар Исфара мегӯянд, ин бори аввал аст, ки дар ин маҳал ҳодисаи дуздии пули намозгузоре дар масҷид рух медиҳад. Вале дар гузашта дуздидани пул аз сандуқҳои хайрия ва ҳатто бархе чизу чораи масоҷид дар вилояти Суғд ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон сабт шудааст.
Дар масҷидҳои Тоҷикистон насби дурбинҳои назоратӣ аз соли 2012 оғоз шуда, солҳои охир ба даромадгоҳи масҷид таҷҳизоти кашфи ашёи фулузӣ низ гузошта шуданд.
Мақомот ҳадаф аз ин корро "пешгирӣ аз ҳолатҳои номатлуб, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти намозгузорон" меноманд.