Баъди тақрибан як ҳафта роҳи байни Хоруғ ва Ишкошими вилояти Бадахшон аз муҳосираи барфу тарма озод карда шуд. Мақомот гуфтанд, ки равуои сокинон ва мошинҳои хурду борбар аз ин тариқ иҷоза ҳаст, вале роҳ комилан амн нест. Онҳо мегӯянд, ҳар лаҳза эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад.
- Дар муддати тақрибан як ҳафтае, ки роҳ баста буд, беш аз дусад мусофир дар деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим дармонда ва ночор дар манзили сокинони ҷой гирифтаанд.
Онҳо мусофир буданд ва мо кӯшиш кардем, ки зиқ нашаванд. То ҷое тавонистем, меҳмондорӣ кардем.
"Аз ҳисоби захираҳои зимистонӣ меҳмондорӣ кардем"
Хонаи Ханҷарбек Иноятбеков, яке аз сокинони рустои Андароб, низ дар ин муддат ба меҳмонхонаи хурд табдил ёфт. Дар рӯзҳои пурбарфу хатарзо даҳ мусофир дар манзили ӯ ва бародараш маскан гирифтанд.
Ин сокини деҳаи Андароб рӯзи 24-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд дастрасӣ ба маводи ғизоӣ осон набуд, имкон ёфт, ки мусофиронро то боз шудани роҳ бо сарпаноҳу хӯрок таъмин кунад. "Панҷ мард дар хонаи ман ва панҷ зан дар хонаи бародарам истоданд. Онҳо аз Душанбе ва Вахон буданд. Аз ҳисоби захираҳои зимистонӣ меҳмондорӣ кардем. Ягона мушкил ин буд, ки барқро хомӯш карданд", - афзуд ӯ. .
Ханҷарбек Иноятбеков ва бародараш дар масъалаи кумак ба мусофирон танҳо набуданд. Ба қавли ӯ, аксар сокинони деҳа дар рӯзҳои сахту пурбарф дари хонаи худро ба рӯи мусофирони дармонда боз карданд ва беш аз 200 нафарро мисли пайвандони худ қабул карданд. Вай афзуд, "онҳо мусофир буданд ва мо кӯшиш кардем, ки зиқ нашаванд. То имкон буд, меҳмондорӣ кардем."
"Дастрасӣ ба ғизо мушкил шуд"
Мардуми Андароб мегӯянд, басташавии роҳ на танҳо барои мусофирон, балки барои сокинони маҳаллӣ низ мушкил эҷод кард. Дар ин ҳолат дастрасии мардум ба захираҳои ғизо, ҳаракат аз роҳҳои хатарнок ва кору таҳсил мушкил шуда буд.
Ханҷарбек Иноятбеков гуфт, сокинони минтақаҳои кӯҳӣ ба бориши зиёди барф одат кардаанд, вале дар гузашта барфрезиҳои шадиду басташавии роҳ маъмулан як ё ду рӯз идома мекарду бас. Ин дафъа роҳ тақрибан як ҳафта баста буд ва ба зиндагии ҳама асар гузошт.
Қирғизбек Қирғизбеков, як корманди идораи нигаҳдории роҳҳо дар ноҳияи Ишкошим, гуфт, дар давоми як ҳафтаи охир ҳудуди 50 мошини хурду борбар дар ҷамоати Аскар Замиров дармонда буданд. Вай афзуд, бо вуҷуди поксозии роҳҳо ва иҷозаи ҳаракати нақлиёт ҳанӯз равуои сокинон бехатар нест ва ҳар лаҳза имкони фаромадани тарма вуҷуд дорад.
Ба қавли мусоҳиби мо, баландии барф дар ин минтақа ба беш аз якуним метр баробар шуда буд ва ҳоло бо гарм шудани ҳаво камтар шудааст.
Барфрезии шадид ва тармафароиҳои ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон дастикам ҷони 5 нафарро гирифтааст. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, дар пайи барфрезиҳои пайиҳам дар вилояти Бадахшон 3 нафар ва дар вилояти Суғд ду нафар зери тарма монда, ҷон додаанд.