Оғози маҷлиси солонаи ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе маҷлиси солонаи ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ шуд. Қарор аст дар ҷаласа масъалаҳои муҳим барои кишвар баррасӣ гардад ва эҳтимол тағйиротҳои кадрӣ низ сурат бигирад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 баррасӣ мегарданд.

Маҷлиси васеи Ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раис ҳукумат баргузор мегардад. Дар ҷаласа сарвазир, кобинаи вазирон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иштирок мекунанд.

Қарор аст нахуст Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ҳукумат дар соли гузашта ҳисобот диҳад. Бархе манобеъ мегӯянд, дар пайи ҷаласаи ҳукумат эҳтимол баъзе тағйиротҳои кадрӣ сурат гирад. Масъалаи тақдири ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” низ аз масъалаҳои муҳими ҷаласа гуфта мешавад.