"Ҳар кас ҷавоби кори худро медиҳад, чӣ диндор ва чӣ атеист" ВИДЕО

Афсона Акобиршоева аз баъзе сокинон пурсид, ки бо афроди бедин чӣ гуна бархӯрд хоҳанд кард

Бархе аз сокинони Тоҷикистон мехоҳанд, ки қонунгузорӣ муносибати диндорон бо даҳриҳо ё афроди бединро мушаххас кунад. Онҳо гуфтанд, дар гузашта бархе ба Худо инкор варзида ва дучори муносибати дурушт шудаанд.

  • "Дар ҷомеа одамоне ҳастанд, ки эҳтимол ин гуна шахсро азобу машаққат диҳанд. Вазъи онҳо дар ҷамъият он қадар хуб нест", - гуфт яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ рӯзи 18-уми январ дар кӯчаи марказии Душанбе.
Тафовутҳои эътиқодӣ, ранг, забон ва нажод амри оддӣ ҳастанд. Худованд хост, ки ин рангорангӣ дар ин ҷаҳон бошад. Биноан, инро як амри бисёр зебо мебинам

Беш аз 90 дар сади аҳолии Тоҷикистон диндор гуфта мешавад. Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон 97 дар сади аҳолии кишварро мусалмон муаррифӣ карда буданд. Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузоришҳои қаблии худ дар бораи озодиҳои динӣ камтар аз як дар сади аҳолии Тоҷикистонро даҳрӣ ё бедин ҳисоб кардааст.

Ба бовари Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, "чун моҳияти давлатдории Тоҷикистони муосир дунявист, сатҳи эътиқод ва кадом динро пазируфтан ё напазируфтан низ озод аст."

Шокирҷон Ҳакимов

Вале Маҳини Даврон, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, ҳарчанд дар қонунҳои Тоҷикистон кафолат дода шудаааст, ки ҳар инсон ҳаққи интихоб дорад, ҷомеаи суннатӣ ин банди қонунро ё риоя намекунад ё аслан қабул надорад.

Як суҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ бо роҳгузарони хиёбонҳои Душанбе ҳам маълум кард, ки дар мавриди муносибат бо даҳриҳо ҳама мавқеи яксон надоранд.

Баъзеи онҳо бо баёни онки "гӯри ҳама ҷудост" ё "ҳар касро аз пои худаш меовезанд", ба ин мавзуъ дахл кардан нахостанд. Иддае дигар бар инанд, ки фақат дин муайян хоҳад кард, бо кӣ робита кунем ва бо кӣ на. Бо такя ба ин ақида дӯстӣ ва робитаро бо ҳар касе, ки эътиқод надорад, ҷоиз намешуморанд.

Яке аз мусоҳибони мо гуфт, "бо ин табақа дӯстӣ ҷоиз нест. Бо одамоне, ки Худоро дуст намедоранд, чаро дӯстӣ кунам?"

"Агар вай мусулмон набошад, табиати мо мувофиқ намеояд. Ман дар Тоҷикистон зиндагӣ дорам ва чунин мешуморам, ки ҳар тоҷик бояд мусулмон бошад", - гуфт мусоҳиби дигари мо.

Маҳини Даврон

Маҳини Даврон, хабарнигори тоҷик аз он нигарон аст, ки сокинони мусалмони Тоҷикистон тасаввур карда наметавонанд ё тасаввур кардан намехоҳанд, ки як ҳамватани онҳо мусалмон нест. Яъне, дини дигарро интихоб карда ё бе Худо шуда. "Ҳанӯз зеҳни мардуми мо ба ин омода нест", - гуфт ӯ ва афзуд, "мардум аз берун ба ин гуна ақидаҳо олуда мешаванд."

Аз назари коршиносонаи бархеи дигар мебояд заминаҳои таассубро дар худи Тоҷикистон ҷустуҷӯ кард. Шокирҷон Ҳакимов гуфт, "корхонаҳо кор намекунанд. Бештари мардум дар музофот ҳастанд ва тафаккури музофотӣ авлавият дорад. Боис ба таассуф аст, ки эътиқоди бештар ва дар баъзе мавридҳо бовари сатҳӣ ба дин боис ба соҳибэҳтирому соҳибэътибор будани шаҳрванд шудааст."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мизони диндорӣ ва бехудоӣ дар Тоҷикистону ҷаҳон

Бо ин ҳол, рангорангии пусту нажод ва эътиқод барои бархе мақбул аст ва онҳо хубии зиндагии худро дар ин гуногуниҳо мебинанд.

"Ба назари ман ин рангорангиҳое, ки дар дунё аст, чизи табиист. Тафовутҳои эътиқодӣ, ранг, забон ва нажод амри оддӣ ҳастанд. Худованд хост, ки ин рангорангӣ дар ин ҷаҳон бошад. Биноан, инро як амри бисёр зебое мебинам ва инҳо тафовутҳое ҳастанд, ки зиндагии моро зеботар мекунанд", - хулоса кард Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик.

Назари дигаронро дар ин навори видео бубинед ва бигӯед, ки аз нигоҳи Шумо муносибати диндорон бо афроде, ки эътиқод надоранд, чӣ гуна бояд бошад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Гӯри ҳар кас ҷудост, чӣ диндор ва чӣ бедин"