Мансур Мақсудӣ, шавҳари пешини Гулнора Каримова даъво дорад, ки қисме аз дороии духтари президенти пешини Узбекистон, ки дар бонкҳои Швейтсария ҳабс шудааст, ба ӯ баргардонида шавад. Дар ин бора ӯ рӯзи 16 январ дар мусоҳиба бо нашрияи Der Bund-и швейтсарӣ иттилоъ дод.
Нашрия менависад, Мансур Мақсудӣ ҳамроҳ бо бародараш Фарид талош доранд, ки аз 100 то 800 миллион франки ҳабсшударо ба даст оранд.
Гулнора Каримова соли 1991 бо Мансур Мақсудӣ издивоҷ кард. Каримова ва Мақсудӣ аз ин издивоҷ ду фарзанд доранд. Онҳо соли 2001 аз ҳам ҷудо шуданд.
"Ҳангоми талоқ ҳамаи дороии Мансур ва Фарид дар Узбекистон мусодира шуд. Саҳми онҳо дар ширкати Coca-Cola Bottlers Uzbekistan ба ширкати швейтсарии Zeromax дода шуд", - менависад Der Bund.
"Хонаводаи мо иҷозат намедиҳад, ки ин (дуздӣ) бе ҷазо монад. Ва ҳамаи онҳое, ки заррае дар ин кор даст доштанд, посухгӯ мешаванд", - гуфт Мансур Мақсудӣ.