Аз ҳамлаи "Аш-Шабоб" дастикам 14 нафар дар Кения ҷон бохт

Нерӯҳои вежаи Кения дар макони ҳамлаи мусаллаҳона. 16-уми январи 2019

Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона ба меҳмонхонае дар Найроби, пойтахти Кения, дастикам 14 нафар кушта шуд. Reuters хабар дод, ки ҳамлагаронро пулис дар ҷараёни амалиёт маҳв кард. Теъдоди онҳо эълон нашудааст. Ҳодиса рӯзи 15-уми январ рух дод.

Қабл аз тасарруфи меҳмонхона аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳ ду таркиш ба амал омад. Ходимони пулис ва хадамоти махсус ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Ҷинояткорон аз силоҳ оташ кушода, якчанд норинҷак партофтанд ва сипас биноро масдуд карданд.

Амалиёти маҳви ин гурӯҳ 20 соат идома кард. Дар ин муддат аз меҳмонхона 700 нафарро берун оварданд. Мақомот ҳодисаро ҳамчун амали террористӣ таҳқиқ мекунанд.

Масъулияти ҳамларо гуруҳи тундрави "Аш-Шабоб" бар уҳда гирифтааст.

Солҳои охир дар Кения чандин ҳамлаи мусаллаҳона анҷом шуд, ки масъулияташро "ҷиҳодиҳо" бар дӯш гирифтанд. Яке аз ҳамлаҳои даҳшатбор соли 2015 дар Найроби сурат гирифт, ки дар натиҷаи он тақрибан 150 донишҷӯ кушта шуд.

Ҳамлаҳо баъди он бештар шуданд, ки низомиёни Кения ба ҷанги зидди гуруҳи "Аш Шабоб" дар ҳудуди Сомалӣ пайвастанд.