Президенти Амрико Доналд Трамп пули ҳамбургер ва питсаҳоеро, ки барои аъзои дастаи футболи Донишгоҳи Клемсон фармоиш шуда буд, аз ҳисоби худ пардохт кард. Трамп онҳоро рӯзи 14-уми январ дар Кохи Сафед ба ҳузур пазируфт.
Трамп барои он маҷбур шуд, ғизоҳоро худ фармоиш дода ва пули онҳоро бипардозад, ки низоми ба истилоҳ "шатдаун" - қисман қатъшавии сармоягузории ҳукумати федеролӣ дар Амрико - идома дорад.
"Шатдаун" беш аз се ҳафта мешавад, барои он идома дорад, ки Конгресс ба иллати ихтилофи назар роҷеъ ба бунёди девор дар марз бо Мексика наметавонад будҷаи соли 2019-ро қабул кунад. Доналд Трамп талаб дорад, барои бунёди девор пул ҷудо шавад, вале демократҳо зидди он ҳастанд.
Ба огаҳии хадамоти матбуотии Трамп, бахши бузурги ҳайати шахсӣ ба далели "шатдаун" ба рухсатии бемузд рафтаанд. Дар натиҷа президент маҷбур шуд, зиёфатро дар Кохи Сафед барои футболбозон -- ғолибони чемпионати миллӣ шахсан ташкил кунад.
Трамп ба рӯзноманигорон гуфт, аз шабакаҳои McDonald's, Wendy's ва Burger King 300 ҳамбургер фармоиш дода буд. Президент гуфт, барои он ҳамбургер фармоиш дод, ки "фикр мекунам, ҳамбургер ғизои дӯстдоштаи онҳо аст". Ба қавли Трамп, ин ғизои миллии амрикоиҳо аст.
Раиси ҷумҳури Амрико бештари вақти худро дар давраи "шатдаун" дар Кохи Сафед мегузаронад.