Бе сим ва бе барқ. Душанбе соҳиби троллейбусҳои нав мешавад. ВИДЕО

Дар ними роҳ дармондани троллейбусҳо ва чеҳраи норозии мусофирон, ки ба ҷое шитоб доранд, тасвири барои пойтахти Тоҷикистон шинос аст. Дар ин шаҳри пур аз мошин ва автобусу троллейбус, гоҳе мешавад, ки мусофир ба маконаш ба сахтӣ мерасад ва гоҳе дигар маҷбур аст таксӣ киро кунад.

  • Шаҳрдории Душанбе барои беҳбуди вазъи мусофиркашонӣ дар роҳҳои пойтахт, ки борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст, мехоҳад троллейбусҳои беноқил ворид намояд. Ба қавли бахши нақлиёти шаҳрдорӣ, дар назар аст, троллейбусҳои беноқил охири моҳи март вориди Душанбе шуда, мавриди истифода қарор бигиранд.
Вақте барқ хомӯш шуд, дигар коре карда наметавонем. То замони барқ омадан интизор мемонем. Мусофирон норозигӣ мекунанд. Баъзеашон баромада мераванд.

"50 дар садаш қарз аст" ​

Абдулхайр Алиев, масъули бахши нақлёти ҳукумати Душанбе, рӯзми 15-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, троллейбусҳои беноқил аз Беларус ба Тоҷикистон оварда мешаванд, ки нархи ҳар кадоме аз он 250 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Мусоҳиби мо афзуд, ҳукумати Душанбе троллейбусҳоро бо маблағи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мехарад.

“Дар музоядае, ки барои амалӣ намудани ин иқдом баргузор шуд, ширкати “Белкомаш”-и Беларус пирӯз шуд. Масъалаи маблағ 50 дар сад грант ва 50 дар сад қарз аст. Шаҳрдорӣ қарзҳоро марҳила ба марҳила бармегардонад”, - шарҳ дод ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Душанбе соҳиби троллейбусҳои нав мешавад

Чаро тероллейбусҳо дар роҳ мемонанд?

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сархушӣ дар сари чанбараки... троллейбус

​Алиев мегӯяд, фаъолияти троллейбусҳои бидуни ноқил метавонад мушкили танбашвии нақлиётро дар роҳҳои пойтахт ҳал кунад. Ба қавли ӯ, ин навъи троллейбусҳо тариқи ноқил ва дар ҳолатҳое, ки барқ хомӯш шавад, то 15 километр бе ноқил ҳаракат мекунанд.

  • "Баъзан барқ хомӯш мешавад ва троллейбусҳои ноқилдор дар миёнаи роҳ монда, боис ба танбашавии мошинҳо мегарданд. Троллейбусҳои беноқил ҳангоми набудани барқ бе мушкил мусофиронро ба гӯшаи дигари шаҳр мебарад. Ин троллейбусҳоро таҷрибавӣ истифода мебарем. Ин гуна троллейбусҳо ҳангоми ҳаракат тариқи ноқил махсус “батарея” доранд, ки нерӯ мегиранд”.

Воридоти троллейбусҳои нав ба Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки мусофирон аз вазъи хидматрасонии троллейбусҳои феълӣ пайваста шикоят намуда, суръати суст, дар истгоҳҳо аз меъёр зиёд истодан ва ҳангоми қатъи нерӯи барқ якбора манъ шудани онҳоро аз камбудҳои асосӣ медонанд.

"Мусофирон норозигӣ мекунанд"

Қурбон Раҷабализода, як сокини шаҳри Душанбе, гуфт, агар троллейбусҳои беноқил мушкили троллейбусҳои ҳозираро такрор накунанд, барои сокинон беҳтар хоҳад буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Парҳези духтарони тоҷик аз троллейбус аз тарси "хирагӣ"-и мардон

Ҷаъфар Азимов, ки таҷрибаи 10-солаи ронандагӣ дар троллейбусро дорад, гуфт, борҳо бо далели қатъи нерӯи барқ дар миёни роҳ мондааст, ки ин ҳолат боис ба асабониятӣ мусофирон ва ронандагони дигар шудааст. Ӯ афзуд, “вақте барқ хомӯш шуд, дигар коре карда наметавонем. То замони барқ омадан интизор мемонем. Мусофирон норозигӣ мекунанд. Баъзеашон баромада мераванд. Агар троллейбусҳои бесим шавад хуб аст, кори моро осон мекунад.”

Мақомоти Душанбе барои ҳалли мушкили мусофиркашонӣ аз хориҷа даҳҳо автобус ворид намуд, ки ҳоло дар хатсайрҳои пойтахт ба мусофиркашонӣ машғуланд. Ахиран ҷойи чанде аз микроавтобусҳоро низ дар хатсайрҳои пойтахт автобусҳо гирифтанд. Сокинони пойтахт мегӯянд, бо вуҷуди талошҳои дусолаи шаҳрдорӣ, ҳанӯз ҳам мушкили мусофиркашонӣ боқӣ мондааст.

Беш аз троллейбус дар Душанбе

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Нархи бимаи ҳатмии мошин дар Тоҷикистон боло рафт

Ҷомеашинос Бобоҷони Шафеъ гуфт, “хеле нақшаҳои хуб ва амалишаванда ба назар мерасад. Он чи дар ду сол амалӣ шуд, моро умедвор мекунад, ки ин нақшаҳо ҳам амалӣ мешаванд. Бахусус, агар корхонаи тавлиди автобусҳо ба кор дарояд, беҳтарин кор мешавад”.

Феълан дар шаҳри Душанбе 105 троллейбус ба хидматрасонии мусофирон машғул аст. Ба қавли мақомоти Душанбе, дар сурати натиҷаи хуб додани кори троллейсбуҳои беноқил, шумораи троллейбусҳои ноқилдор эҳтимол коҳиш дода шавад.