Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намуди ягонаи таксӣ дар пойтахт. Ҳукумат ба ронандагон 6 моҳ муҳлат дод


Намуди ягонаи таксӣ дар Душанбе. Аксро муаллифи тарҳ дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт
Намуди ягонаи таксӣ дар Душанбе. Аксро муаллифи тарҳ дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт

Ҳукумати шаҳри Душанбе намуди ягонаи таксиҳоро тасдиқ кард, ки аз ранги зарду сафед ва нуқтаҳои сиёҳ таркиб ёфтааст. Мақомот ба ронандаҳои таксӣ дар пойтахт то 15-уми июни имсол муҳлат додаанд, то мошини худро бо чунин ранг ё намуд оро бидиҳанд. Тарҳро Бадриддин Қурбонов, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон омода кардааст.

  • Бар асоси ин тарҳ, қисмати болоии таксӣ зард ва қисмати поёниаш сафед аст. Дар паҳлӯи он нуқтаҳои сиёҳ ва, инчунин, ҷойи навиштани телефонҳои хадамоти таксӣ ва таблиғот вуҷуд дорад.
Ман бо истифода аз мошини шахсии худ танҳо субҳ ва шом мусофиркашонӣ мекунам. Чандон ба манфиат нест, ки рангашро тағйир диҳам

Бадриддин Қурбонов, муаллифи тарҳ, рӯзи 5-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз қабл дар бораи тағйири намуди зоҳирии таксиҳо дар пойтахт андеша дошт ва эълони озмун дар чанд моҳи қабл ба ӯ "илҳом бахшид". Қурбонов соли 1995 шомили факултаи нақлиёти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шуда, пас аз хатми он дар ҳамин донишгоҳ ба ҳайси омӯзгори графикаи компютерӣ кор мекунад.

"Ҳам нақлиёт ва ҳам графикаи компютерӣ ба ман ошност. Бо истифода аз донишҳое, ки дар ин ду бахш дорам, чанд ангора ё намуди ягонаи таксиҳоро омода кардам. Ҳукумати шаҳри Душанбе ҳамон ангораеро интихоб кардааст, ки тақрибан дар тамоми ҷаҳон ҳамчун рамзи ягонаи таксиҳо шинохта мешавад", - афзуд ӯ.

Бадриддин Қурбонов
Бадриддин Қурбонов

Устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мегӯяд, ранги ягонаи таксиҳо ба сокинон имкон медиҳад, ки дар ҳар ҷо аз мусофиркашон будани онҳо огоҳ шаванд. "Ҳоло намуди таксиҳо гуногун аст ва бисёрие аз онҳо мисли мошинҳои маъмулиянд. Кас фарқ намекунад, ки онҳо воқеан таксӣ ҳастанд ё чизи дигар. Аз ин ба баъд таксиҳои Душанбе аз мошинҳои маъмулӣ фарқ мекунад ва ман ифтихор дорам, ки дар зебоии пойтахт аз ин тариқ саҳм мегирам".

Ҳоло ронандаҳои таксӣ бо мошинҳои маъмулӣ, ки аз худравҳои дигари сокинон чандон тафовут надорад, мусофиркашонӣ мекунанд. Сокинон таксиҳоро дар пойтахт асосан ё бо ишораи дасти ронандаҳо, ё қуттии зарди болои худравҳо ва ё рақамҳояшон, ки низ бо хатти зард ишора шудааст, мешиносанд.

Бадриддин Қурбонов гуфт, дар чанд тарҳи дигари намуди ягонаи таксиҳо унсури соли рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва масъалаи обро дар назар гирифта буд, вале шаҳрдорӣ тарҳеро интихоб кардааст, ки "аз ҳеч мавзуъ вобаста нест ва метавонад солҳои тӯлонӣ ба он тағйироте ворид нашавад". Мақомот ба Бадриддин Қурбонов ба унвони ҷоиза 5 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 500 доллари амрикоӣ, додаанд.

Шаҳрдори Душанбе рӯзи 4-уми январ дар як қарор шуъбаи нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва раёсати хадамоти давлати назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти пойтахтро масъул кардааст, ки тарҳро амалӣ кунанд.

Бархе аз ронандаҳо дар пойтахт гуфтанд, намуди ягонаи таксиҳо хуб аст, агар ба шарте ки ширкатҳои хадамоти таксӣ онҳоро бо мошин таъмин кунанд. Яке аз онҳо бо номи Парвиз гуфт, "ман бо истифода аз мошини шахсии худ танҳо субҳ ва шом мусофиркашонӣ мекунам. Чандон ба манфиат нест, ки рангашро тағйир диҳам. Баъдан намуди ягонаи таксӣ гирифтӣ, бояд ҳатман иҷоза гирӣ ва андоз супорӣ. Ман тамоми рӯз ба ин кор машғул намешавам ва аз куҷо бояд маблағҳоро бипардозам?"

Таксӣ дар Душанбе яке аз нақлиёти серистифода ба ҳисоб меравад. Дар гузашта дар пойтахти Тоҷикистон таксиҳои маъруф ба “3 сомонӣ” фаъол буд, ки сокинонро аз як гӯша ба гӯшаи дигари шаҳр, яъне дар хатсайрҳои муайян, ба ивази се сомонӣ мерасонд.

Баъдан шаҳрдорӣ ба хотири танба нашудани мошинҳо дар роҳҳои марказӣ ва ҳамин тавр ба истифода додани мусофиркашонҳои нав ҳаракати таксиҳои се сомониро манъ кард.

Як моҳ пеш инчунин аз ронандаҳои таксӣ дар Душанбе хоста шуд, ки барои мусофиркашонӣ мошинҳои сиёҳшишаро истифода накунанд.

XS
SM
MD
LG