Товони қатли Ҳизбаллоҳро маҳбаси Хуҷанд мепардозад

Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода.

Иҷрои пардохти зарари маънавӣ ба волидони як ҷавони ошиқ, ки се сол пеш бо дасти падари дӯстоштааш дар Исфара кушта шуд, бар дӯши маъмурияти зиндони сеи Хуҷанд вогузор шудааст.

Мақомот гуфтанд, ки Бадриддин Шаропов дар маҳбас аз 50 то 100 сомонӣ музд мегирад ва аз ин ҳисоб ҷуброни зарари маънавиро ба хонаводаи Ҳизбаллоҳ пардохт хоҳад кард.

Товон чаро пардохт нашуд?

Қотили Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода ба нӯҳ соли ҳабс маҳкум шуда, давраи ҷазоро дар зиндони сеи Хуҷанд сипарӣ мекунад. Дар ин бора мақомоти раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд рӯзи 15-уми январ ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Қаблан волидони Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода, сокини шаҳри Исфара, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз иҷро нашудани қарори додгоҳ шикоят карда буданд.

Додгоҳ моҳи феврали соли 2016 дар баробари 9 сол аз озодӣ маҳрум кардани Бадриддин Шаропов, ӯро ба пардохти 105 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ зарари маънавӣ ва моддӣ ба хонаводаи Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода, муваззаф карда буд. Вале ин товон ҳанӯз пардохт нашудааст.

"Хонаашро гаштем, чизи арзишманд наёфтем"

Меҳрафзун Нурзода, сармутахассиси раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд, рӯзи 15-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маҳбус Бадриддин Шаропов молу мулк ва чизҳои қиматбаҳое надорад, ки аз ҳисоби онҳо маблағи товон пардохт карда шавад. Ӯ афзуд, маъмури иҷрои ҷазо дар ҳузури шоҳидон хонаи истиқоматии ӯро аз назар гузаронд, вале ашёи арзишманде наёфт.

“Бинобар ин, тибқи қонун, санади рӯёндани маблағи зарари маънавӣ ва моддӣ барои иҷро ба маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд фиристода шуд, ки Бадриддин Шаропов дар онҷо мӯҳлати ҷазои худро сипарӣ мекунад”, - афзуд ҳамсуҳбати мо. Ба қавли ин масъули Хадамоти иҷрои ҷазо дар вилояти Суғд, Бадриддин Шаропов дар онҷо 50 ё 100 сомонӣ дастмузд мегирад ва аз ҳисоби он, кам-кам зарари маънавӣ ва моддиро ба хонаводаи Ҳизбаллоҳ пардохт хоҳад кард.

"Зарари маънавӣ кам аст, чун бештари мардум нодоранд"

Нурзода афзуд, қазияҳои ситонидани зарар аз маҳбус ба хонавода ва ё ҷониби ҷабрдида бори аввал нест ва ҳар замон иттифоқ меафтад. Зимнан, маҳбаси рақами 3, ки Бадриддин Шаропов дар онҷо нигаҳдорӣ мешавад, моҳи ноябри соли гузашта шоҳиди ошӯбе буд, ки аз ду тараф беш аз 20 кушта ва даҳҳо захмӣ боқӣ гузошт.

Муҳаббат Ҷӯраева

Додгоҳи шаҳри Исфара моҳи марти соли 2015 Бадриддин Шаропов, падари духтареро, ки Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода ошиқаш буд, бо ҷурми куштори ин ҷавон 9 сол зиндонӣ кард. Соли 2016 бо даъвои Басирҷон Зарифов, падари Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода, додгоҳи Хуҷанд қарор кард, ки Бадриддин Шаропов ба хонаводаи ӯ 105 ҳазор сомонӣ товон бидиҳад.

Ҳуқуқшинос Муҳаббат Ҷӯраева мегӯяд, ҳоло рӯёнидани товон тақрибан имконнопазир ба назар мерасад. Ба қавли ҳуқуқшиноси тоҷик, зарари маънавӣ ва моддӣ дар Тоҷикистон хеле кам ситонида мешавад, чун як қисми аҳолӣ нодор ва камбизоат ҳастанд ва ҷои кори доимӣ ва моҳонаи собит надоранд. “Дар ин ҳолат маъмурон ҳатто ба маъмурияти маҳбасҳо, ки ҷои нигаҳдории шахси товондиҳанда аст, муроҷиат мекунанд”, - афзуд Муҳаббат Ҷӯраева.

"Арзи ман ба гӯши президент расад"

Аммо дар айни замон, ба қавли ӯ, маҳбасҳои Тоҷикистон шароите надоранд, ки маҳбусонро бо корҳои серпул таъмин кунанд.

Басирҷон Зарифов

Басирҷон Зарифов, падари Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода мегӯяд, беш аз сад ҳазор сомонӣ писари ӯро аз он дунё барнамегардонад ва ба захмҳои қалбаш низ шифо намебахшад. Аммо ӯ намехоҳад ба ин осонӣ аз гуноҳи тарафи ҷавобгар бигузарад. Ӯ гуфт, "бисёр мехоҳам, ки арзи ман то ба гӯши президент расад. Афроде, ки аз курсиҳои худ истифода карда, қонунро нодида мегиранд, бигзор ҷазо бигиранд".

Бино ба омори расмии раёсати адлияи вилояти Суғд, дар нимсолаи аввали соли 2018 маъмурони иҷрои қарорҳои додгоҳ дар шимоли Тоҷикистон беш аз 300 санади рӯёндани зарар ба маблағи наздики 15 миллион сомонӣ гирифтаанд. Вале аз он ҳамагӣ маблағи беш аз 700 ҳазор рӯёнида шудаасту бас.