Волидони Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода, сокини шаҳри Исфара, ки се сол пеш аз дасти падари дӯстдоштааш кушта шуд, аз иҷро нашудани қарори додгоҳ шикоят доранд.
Издивоҷҳо дар Тоҷикистон баъзан на бар асоси ишқу муҳаббат, балки бар пояи сатҳи дороӣ ва обрӯмандии оилаҳо низ сурат мегирад.
Онҳо гуфтанд, ки додгоҳ дар баробари аз озодӣ маҳрум кардани Бадриддин Шаропов, хонаводаи ӯро ба пардохти беш аз 100 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ, муваззаф карда буд, вале ин хонавода ҳанӯз ин миқдор товонро надодааст.
"Чаро қарори додгоҳ иҷро намешавад?"
Басирҷон Зарифов, падари Ҳизбаллоҳ, рӯзи 25-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду сол боз талош дорад, ки тарафи ҷавобгар ҷубронро бипардозад.
“Ба ҳама ҷо муроҷиат кардем. Охири соли 2017 аз Дастгоҳи иҷроияи президент ба номаи мо ҷавоб доданд. Судиҷрочӣ ҳам омад ва хонаву дарашонро дид. Вале қарори додгоҳ, ки ба фоидаи мо содир шудааст, ҳанӯз иҷро намешавад. Наход гапи одамҳои камбағал гап набошад?” – суол гузошт ӯ.
Зарифов мегӯяд, беш аз сад ҳазор сомонӣ писари ӯро аз он дунё барнамегардонад ва ба захмҳои қалбаш низ шифо намебахшад, аммо намехоҳад ба ин осонӣ аз гуноҳи тарафи ҷавобгар бигузарад. Ӯ гуфт, “бисёр мехоҳам, ки арзи ман то ба гӯши президент расад. Афроде, ки аз курсиҳои худ истифода карда, қонунро нодида мегиранд, бигзор ҷазо бигиранд.”
"Ҳизбаллоҳ ва оилаи ӯро лоиқи духтари худ надонистанд"
Додгоҳи шаҳри Исфара моҳи марти соли 2015 Бадриддин Шаропов, падари духтареро, ки Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода ошиқаш буд, бо ҷурми куштор 9 сол зиндонӣ кард. Аммо ин ҷазо волидони Ҳизбаллоҳро, ки қиссаи ошиқиаш бо фоҷеа анҷомид, ором накард.
Пайвандони Ҳизбуллоҳ барои пардохти товон ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд шикоят карданд. Моҳи марти соли 2016 қарор шуд, ки Бадриддин Шаропов ба хонаводаи Басирҷон Зарифов 105 ҳазор сомонӣ товон бидиҳад.
Мақомоти додгоҳӣ ва хонаводаи Бадриддин Шаропов то ба ин ҳад тӯл кашидани пардохти товонро ҳанӯз шарҳ надодаанд. Аммо як манбаи огоҳ аз қазия гуфт, Бадриддин Шаропов ҳанӯз моҳи декабри соли 2016 ба Додгоҳи вилояти суғд шикоят кардааст, ки товонро пардохта наметавонад. Аммо додгоҳ шикояти ӯро рад намудааст.
Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода ягона писари хонавода буда, ҳамаи мушкилоташ баъди ошиқ шудан ба духтари Бадриддин Шаропов сар задааст. Ин хонавода Ҳизбаллоҳ ва оилаи ӯро лоиқи духтари худ надониста ва борҳо ба ин далел ҷавонро латту кӯб карда будаанд. Як шаб духтар ғайриинтизор ба хонаи Ҳизбаллоҳ меояд ва қазия ҷиддитар мешавад. Ҳоло ин духтар бо хоҳиши волидон бо нафари дигар издивоҷ карда, дар шаҳри Қазони Русия будааст.
Даъват ба хона, баъди намози хуфтан
Ҳодисаи қатли Ҳизбаллоҳ рӯзи 7-уми январи соли 2015 дар хонаи Бадриддин Шаропов рух додааст. Хонаводаи Ҳизбуаллоҳ иддао доранд, ки шахсан Бадриддин Шароповро баъди намози хуфтан барои гуфтугӯ ба хонааш даъват кардааст. Ин хонавода рӯзи дигар ҷасади писарашонро аз мурдахона гирифтаанд.
Издивоҷҳо дар Тоҷикистон баъзан на бар асоси ишқу муҳаббат, балки бар пояи сатҳи дороӣ ва обрӯмандии оилаҳо низ сурат мегирад. Мушоҳида мешавад, волидон ҳангоми оиладор кардани фарзандонашон бештар аз мақоли "Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз" кор мегиранд.
Ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар гузашта аз минтақаҳои мазҳабии Тоҷикистон ба шумор рафта, мардумаш шадидан тибқи қоидаҳои шариати ислом ба сар мебурданд. Ин аст, ки бархе аз коршиносон мегӯянд, қазияи мазкур то андозае паҳлӯи номусӣ ва динӣ низ дошт.