Рӯзноманигори таҳқиқотгари Озарбойҷон Хадиҷа Исмоилова бо талаби озод кардани блогнависи зиддифасод Меҳмон Ҳусейнов ва дигар зиндониҳои сиёсӣ ба гурӯҳи фаъолоне пайваст, ки бо чунин талаб даст ба гуруснанишинӣ задаанд.
Хадиҷа Исмоилова рӯзи 15-уми январ аксҳои худаш, фаъоли ҳуқуқ Намиқ Абдуллоев ва дигаронро дар Фейсбук нашр кард, ки дар дафтари ҳизби "Мусавват" дар Боку гуруснанишинӣ эълон карданд.
"Ман чизи дигар барои қурбонӣ надорам, ба ҷуз саломатиам", - гуфт Исмоилова рӯзи 14-уми январ вақте аз барномаи ҳамоишаш ба эътирозгарон хабар дод.
Ӯ талаб кард, ки ҳукумати президент Илҳом Алиев "иттиҳоми алайҳи панҷ зиндонии сиёсиро, ки муҳлати ҳукмашон ба охир мерасад, лағв кунад" ва "ҳамаи рӯзноманигорон, блоггерҳо ва фаъолони ҳуқуқро озод кунад".
Исмоилова, инчунин, аз ҳукумат даъват кард, ки "сиёсати бидуни зиндонии сиёсӣ"-ро пеш бигирад ва баррасии "парвандаҳои ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ"-ро якҷо бо гурӯҳҳои мустақили ҳукуқи башарро ба роҳ монад.
Талаби озодии блогнависи зиддифасод Меҳмед Ҳусейнов дар дохил ва хориҷи Озарбоҷон дар ҳоле шиддат мегирад, ки мақомот дар фосилаи чанд ҳафта аз анҷоми ҳукми зиндон алайҳи Меҳмон Ҳусейнов иттиҳоми нав эълон карданд. Ӯ ба "зуроварии хатарнок ба ҳаёти намояндаи ҳукумат" муттаҳам мешавад.
Ҳусейнов ва чанде аз зиндониҳои сиёсӣ ба нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ заданд.
Ҳусейнов ҳоло бо ҷурми "туҳмат" ҳукми дусолаи зиндон пушти сар мекунад, ки худаш ва ҷонибдоронаш онро ҳукми дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.