Амалиёти ворид кардани Мария Бутина ба доираҳои муҳофизакори нухбагони сиёсии ИМА бо дастуру пуштибонии Кремлин сурат гирифт. Раҳбари амалиёт ва роҳнамои Бутина муовини пешини раиси Шӯрои федерация ва муовини "Бонки Русия" Александр Торошин буд. Чунин аст натиҷагирии хадамоти махсуси ИМА, ки The daily Beast онро дастрас кард.
Мария Бутина охири соли гузашта гуноҳи худро эътироф кард, ки ӯ дар ИМА фаъолияти ғайриқонунӣ пеш мебурд, ҳамчун агенти Русия сабти ном нашуда буд ва солҳо бо муҳофизакорони шинохтаи Амрико, аз ҷумла бо намояндагони Созмони тирандозон, робита барқарор мекард. Биноба натиҷагирии хадамоти махсус нахустин тамосҳо бо намояндагони созмоне, ки аз ҳақи амрикоиҳо ба доштани силоҳ ҳимоят мекунад, бо ибтикори Торошин барқарор шуд. Ин тамосҳо муддатҳо пеш аз интихоботи соли 2016 оғоз шуданд.
Мақомоти Маскав,бо шумули президент Путин, даст доштани худро ба вуруди намояндагони Русия ба Созмони тирандозони ИМА қотеона рад мекунанд. Аммо дар санаде, ки The daily Beast дарёфт кард, гуфта мешавад, ки Вазорати умури хориҷии Русия ба ибтикори Торошин мухолиф набуд, зеро робита бо доираҳои муҳофизакор, дар сурати пирӯзии номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихобот, муҳим мешуд.
Ҳоло Александр Торошин ҳадафи таҳримҳои ИМА қарор дорад ва Мария Бутина баьди созиш бо тафтишот ҳукми додгоҳро интизор аст.