Хуршеда мегӯяд, кишоварзӣ хонаводаи ӯро аз камбизоатӣ наҷот дод. ВИДЕО

Созмонҳои байналмиллалӣ рушди кишоварзӣ дар Хатлонро яке аз роҳҳои аслии раҳо шудани мардум аз камбизоатӣ медонанд. Вилояти Хатлон заминҳои ҳосилхез ва ҳавои мусоид барои кишоварзӣ дорад. Ва инчунин замин барои сокинон сарчашмаи асосии ғизои солим аст.

Аз соли 2016 ҳукумати Амрико дар вилояти Хатлон, лоиҳаи амнияти озуқавориро сарпарастӣ мекунад.

Хонаводаи Хуршеда Ҳасанова, сокини деҳаи Меҳнати ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросонро ду сол пеш ҳосил замин аз фақр раҳонд. Хуршед мегӯяд, сабзӣ, пиёз, карам, картошка, бодиринг, помидор, қаламфури ширин, карам ва дигар навъҳои сабзавотро ҳам барои истеъмоли худ ва ҳам барои фурӯш дар бозор парвариш мекунанд.

Хуршедаи 40-сола дар як минтақаи сераҳолӣ ва камбизоати Хатлон зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ҷои кор намерасад ва ғизои мехӯрдаи мардум солҳост тағйир намеёбад. "Чун камбизоат ҳастанд, хӯрокҳои якранга тайёр мекунанд",-мегӯяд ӯ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хуршеда мегӯяд, кишоварзӣ хонаводаи ӯро аз камбизоатӣ раҳонд.

Хуршеда яке аз он занонест, ки дар доираи як лоиҳаи сафорати Амрико омӯзиш дидаву парвариши сабзавотро ба роҳ мондааст. Барои сохтани гармхонаҳо кӯмаки молӣ гирифт ва тухми зироаташро ҳам аз сӯи ин тарҳ дарёфт мекунад.

Хуршеда 6 фарзанд дорад ва шавҳараш дар умури кишоварзӣ ба ӯ кӯмак мекунад. Ӯ мегӯяд, ки даромадашро дар як сол ба 60 ҳазор сомонӣ расонидааст ва барои рӯзгорашон басанда аст.

Рухшона ва 7 тан аз занони ҳамдеҳааш ҳам дар мавсими кор ба Хуршеда ёрӣ мерасонанд. Рухшона мегӯяд, ки инҷо кор ёфтан душвор аст ва аз таҷрибаи Хуршеда омӯхт, ки ҳар зан метавонад ҷои кори худро биофарад.

Аз соли 2016 ҳукумати Амрико дар ғарби вилояти Хатлон, лоиҳаи амнияти озуқавориро сарпарастӣ мекунад. Беш 3 ҳазор зан то ҳол кӯмаки молӣ ва омӯзиш гирифтаанд. Ҳоло саҳифаи нав аз ин кӯмакҳо боз шуда, ки фақат онро занони серфарзанд ва қобили таваллуд дарёфт мекунанд.