Манъи издивоҷи духтарони то 15-сола дар Арабистони Саудӣ

Акс аз бойгонӣ

Шӯрои мушовирони ҳукумати Арабистони Саудӣ бо тасвиби қонуне издивоҷи духтарони то 15-соларо мамнуъ эълон кард.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерс" бар асоси ин қонун ки ҳафтаи гузашта рӯзи 10-уми январ тасвиб шуд, издивоҷи афроди то 18-сола низ танҳо бо иҷозаи додгоҳ имконпазир мешавад.

Муаллифони тарҳи қонуни манъи издивоҷи духтарони то 15-сола, осебҳои равонӣ, иҷтимоӣ ва ҷисмонӣ аз ҷумлаи сабабҳои пешниҳоди тарҳ номидаанд.

Дар Арабистони Саудӣ, то кунун қонун дар бораи синни никоҳ вуҷуд надорад ва дастур ва ё фармони волидайн кофист, духтари аз 9-сола болоро ба шавҳар бидиҳанд.

Тамоми занҳо дар ин кишвар ҳақ надоранд, танҳо ба хориҷ сафар кунанд, барои кор кардан ҳам бояд аз марди хона ва ё шавҳар иҷозат бигиранд.

Дастоварди бузург, бо аммои бузург

Лино Алмаина, узви Шӯрои мушовирони Арабистони Саудӣ қабули ин қонунро як дастоварди бузург дар роҳи ҳимояти ҳуқуқи насли ҷавон номидааст. Ӯ ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст: “Манъи издивоҷи кӯдакони то 15-сола, як муввафақияти бузург аст, чун мо метавонем, писарону духтарони наврасро муҳофизат кунем.”

Бар асоси омори созмони ғайриҳукуматии “Girls Not Brides” ва ё “Духтарон фақат арӯс нестанд”, солона дар ҷаҳон 12 миллион духтар ба синни 18-солагӣ нарасида, шавҳар мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пажӯҳиш: "1800 духтари ноболиғ дар Тоҷикистон тифл ба дунё овардаанд" ВИДЕО, САДО

Бар асоси муқарроти Созмони Милали Муттаҳид, чунин кор нақзи ҳуқуқи инсон аст ва бояд аз байн бурда шавад. Ба гуфтаи Ҳезер Ҳамилтон, муовини раиси созмони мазкур, қадаме, ки Арабистони Саудӣ бардоштааст, “ташвиқкунанда” мебошад, аммо амалӣ шудани он масъалаи дигар аст.

“Агар волидайни духтарон додгоҳро мутақоид кунанд, ки духтарашон бояд шавҳар кунад, дар ин ҳолат аз дасти духтар чизе намеояд” гуфтааст, ӯ.

Айни замон санадҳое, ки Шӯрои мушовирони Арабистони Саудӣ, қабул мекунад, ҳукми иҷро надорад. Ин шӯро фақат ба ҳукумат машварат медиҳад ва ҳаққи пешниҳоди тарҳи қонун ба ҳукумат ва шоҳи Саудиро дорад.

Эрон дар андешаи манъи издивоҷи кӯдакон

Ғайриқонунӣ шудани издивоҷи ноболиғон дар Арабистони Саудӣ дар ҳолест, ки як моҳ қабл дар Эрон Кумиссиюни ҳуқуқӣ ва додгоҳӣ дар порлумони Эрон бо тарҳи манъи издивоҷи духтарони то 13-сола бо далоили масоили “фиқҳӣ ва шаръӣ” мухолифат кард ва онро нусхабардорӣ аз тарҳҳои ғарбӣ номид.

Бар асоси тарҳи пешниҳодӣ, ҳадди аққали синни издивоҷ барои духтарон 16 сол ва барои писарон 18 сол дар назар гирифта шудааст. Бар асоси оморҳо, солона дар Эрон ҳудуди 40 ҳазор духтари то 15-сола издивоҷ мекунанд ва беш аз 1000 духтари зери 15 сол талоқ мегиранд.

Ҳасан Эшкеварӣ, пажуҳишгари эронии масоили динӣ дар Олмон, мегӯяд, балоғат иртиботе ба масъалаи фиқҳиву шаръӣ надорад. Вай мегӯяд:

“Ончӣ ки Арабистон ахиран анҷом дод, ҳам ба шаръ ва ҳам ба ақл наздиктар аст ва фармудаҳои илми пизишкиро ҳам ба эътибор гирифтааст. Масъалаи булуғи бачаҳо ё навҷавонон ҳам духтару писар, амри мазҳабӣ ва ё шаръӣ нест. Дар Эрон духтари то 18 сола ҳаққи раъй додан надоранд, чун ба ақидаи эшон, ақлашон ба ҳадде нарасидааст, ки интихоби дуруст кунанд. Аммо ин духтар, ки 9-сола шуд, ба ақидаи эшон посухгӯи ҳама аъмолаш бояд бошад, дар назди додгоҳ ҳам бояд посух гӯяд.”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикистон ба арӯсиҳои бармаҳал "не" гуфт

"Агар ҳаққи издивоҷ дорад, пас ҳаққи раъй ҳам бояд дошта бошад"

Маъсума Ибтикор муовини раиси ҷумҳури Эрон чанде пеш масъалаи издивоҷи ноболиғонро ҳам бардошт. Ӯ дар вокуниш ба рад шудани тарҳи Қонуни манъи издивоҷи духтарони то 13-сола дар Эрон гуфт, агар 13 сол барои издивоҷ муносиб аст, пас духтарони ин синн бояд дар интихобот раъй бидиҳанд ва гувоҳиномаи ронандагӣ бигиранд. Маъсума Ибтикор, издивоҷи кӯдаконро як омили зиёд шудани талоқ дар Эрон номид.

Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки чаро бо вуҷуди далелҳои мантиқӣ, баъзе аз вакилони порлумони Эрон мухолифи манъи издивоҷи кӯдакон ҳастанд.

“Як идда фикр мекунанд, ки агар тарҳ қабул шавад, ин ҷанг бо Худост. Дигар масоил иҷтимову иқтисодиву фарҳангӣ аст. Баъзе аз хонаводаҳо ба ин ақидаанд, ки духтари даҳу дувоздаҳу сенздаҳсолаашон ба балоғат расидааст ва метавонанд модар бишаванд. Қисмати дигар ба далоили иқтисодӣ духтаронашро ба шавҳар медиҳанд” - мегӯяд, Ҳасан Эшкеварӣ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тӯй дар 9-солагӣ. "Намедонистам, издивоҷ чӣ ҳаст..."

Оқибатҳои фоҷиабори издивоҷи кӯдакон

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, духтароне, ки дар хурдсолӣ издивоҷ мекунанд, аз мактаб берун мемонанд, талоқ мегиранд, дар оила зулму ситам мебинанд, осебҳои равонӣ мегиранд ва дар муқоиса бо онҳое, ки дертар шавҳар мекунанд, фақир мемонанд.

Дар Тоҷикистон бар асоси қонун духтарону писарон ҳақ доранд, аз 18-солагӣ издивоҷ кунанд. Дар ҳолатҳои истисноӣ додгоҳ бо иҷозаи волидон ва бо дар назардошти шароит иҷоза медиҳад, ки духтарони то 18-сола шавҳар кунанд.