Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, издивоҷи бармаҳалро "нақзи ҳуқуқи инсон" эълон кунанд.
Бино бар таҳқиқоти нави Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки рӯзи 27-уми декабр нашр шуд, издивоҷҳои духтарони наврас аз ҳама бештар дар Тоҷикистон, Молдова, Гурҷистон ва Туркия ба мушоҳида расидаанд. Ин созмон таъкид мекунад, ки дар синни хурдсолӣ ба шавҳар баромадани духтарон, пеш аз ҳама, барои саломатии ҷисмонӣ ва равонии онҳо паёмадҳои манфии давомдор хоҳад дошт.
"Онҳо аз даврони кӯдакӣ маҳрум мешаванд ва имкони дарёфти маълумот ва таҳсилро аз даст медиҳанд. Пас аз издивоҷ дар муҳити хонаводаи дигар духтарон ба хушунати равонӣ ва ҷисмонӣ рӯбарӯ хоҳанд омад", - таъкид шудааст дар таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, яке аз сабабҳои маргумири духтарони аз 15 то 19-сола низ ҳомиладории пеш аз вақт будааст. Аз ин рӯ, ин ниҳоди байнулмилалӣ аз афзоиши мизони издивоҷҳои бармаҳал дар ҷаҳон изҳори нигаронӣ карда, вазъи арӯсони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказиро "осебпазир" хондааст.
Бино бар иттилои расмӣ танҳо дар ним соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 30 ҳодисаи никоҳи нобаҳангоми ҷавонон ба қайд гирифта шудааст. Чунин падидаҳо аз ҳама бештар дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ҷо 16 духтари ноболиғ никоҳ карда шудаанд. Дар Хатлон 3 ҳолат ва дар Душанбе як мавриди издивоҷи бармаҳал ошкор шудааст, ки волидони духтарони ноболиғ аз рӯи моддаи 169-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Аммо ба гуфтаи масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ин танҳо иттилои расмист ва ҳолатҳое ҳам кам нестанд, ки никоҳҳои ғайриқонунӣ пинҳон мемонанд.
Маҳбуба Азимова, корманди Кумитаи кор бо занон ва оила, дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ дар мавриди издивоҷҳои бармаҳал гуфт, "издивоҷҳои бармаҳал нисбати солҳои қаблӣ камтар шудааст. Яке аз самтҳои аслии фаъолияти мо ҳам ба ин мавзӯъ равона шудааст. Мо бо тамоми мудирони бахшҳои кор бо занон дар ҷумҳурӣ оид ба ин мавзӯъ вохӯриву сӯҳбатҳо мегузаронем. Мисолҳо меорем", гуфт ӯ.
Дар ҳоле ки, масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи кам шудани никоҳҳои бармаҳали ошкоршуда сӯҳбат мекунанд, дар таваллудхонаҳои кишвар мавридҳои зиёди кӯдак ба дунё овардани духтарони ноболиғ сабт карда мешавад.
Шамсиддин Қурбонов роҳбари пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии акушерӣ генекологии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин таввалудхона мавориди тифл ба дунё овардани духтарони ноболиғ нисбати соли гузашта се маротиба афзудааст:
“Дар клиникаи мо, ки солона 10 ҳазор тифл ба дунё меояд, имсол 37 зани аз 15 то 17-сола кӯдак ба дунё оварданд. Дар соли гузашта бошад мо танҳо 12 занеро сабт карда будем, ки дар ин синну сол таваллуд карда буданд. Яъне нисбати соли гузашта маълум мешавад, миқдори духтарони ноболиғе ки тифл ба дунё меоранд, се маротиба афзудааст”.
Ҷаноби Қурбонов афзуд, ки ин омори танҳо як таваллудхона аст ва дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ низ айни чунин ҳолат ҷой дорад. Созмони ҷаҳони беҳдошт ҳамроҳ бо Бунёди Созмони Милал оид ба масъалаи нуфус аз кишварҳои минтақа даъват кардааст, ки аз никоҳҳои бармаҳал ҷилавгирӣ намоянд. Дар даъвати онҳо гуфта мешавад, кишварҳо бояд издивоҷи бармаҳалро ҳамчун нақзи ҳуқуқи инсон эътироф кунанд.
Дар соли 2010 дар Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз никоҳҳои зудҳангом ва талоқ бо пешниҳоди раисиҷумҳур синни никоҳи духтарон як сол -- аз 17 ба 18 боло бурда шуд. Вале бо ин вуҷуд, бархе аз хонаводаҳо барои издивоҷи пешазвақти духтар ва ё писари худ шароит фароҳам мекунанд. Дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон ба таҳсили духтарон аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд ва баръакс талош мекунанд, ки духтари худро ҳарчӣ зудтар "бо обрӯ" ба хонаи ҳамсараш гусел кунанд.