Толибон як кӯдак ва се афсари пулисро дар Ҳирот куштанд

Акс аз бойгонист.

Дар натиҷаи ҳамла ба як идораи пулис дар шаҳри Ҳироти Афғонистон 5 нафар кушта шудаанд. Фарҳод Ҷайлонӣ, сухангӯи ҳуукумати вилояти Ҳирот гуфт, ки ҳамла соати 6 ба вақти маҳаллӣ ва рӯзи 12-уми январ ба вуқуъ пайваст.

Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, як сухангӯи Толибон гуфтааст, ки ҳамла кори дасти ҷангҷӯёни онҳо буд. Фарҳод Ҷайлонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни даргирии дусоата се афсари пулис, як кӯдак ва як ғайринизомии дигар кушта шуданд.

Чаҳор маъмури дигари пулис ҷароҳат бардоштаанд. Амонулло Амирхел, фармондеҳи пулиси шаҳр гуфт, ки маъмурони пулис дар ҷараёни даргирии ду соата, ҳарсе ҷангҷӯро куштанд. Бо вуҷуди талошҳо барои оғози музокироти сулҳ бо Толибон ва хотима додан ба ҷанги 17-сола ин гуруҳ вақтҳои ахир тақрибан ҳар рӯз ба неруҳои амниятӣ ҳамла мекунад.