Додситонӣ як муфаттиши умури дохилии шаҳри Турсунзодаро ба шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров, ки ба гуфтаи мақомот, 8 моҳ бегуноҳ дар боздошт қарор дошт, муттаҳам кард. Шералӣ Азизов, корманди Бахши ҷустуҷӯи ҷиноии Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода, дастгир шудааст.
- Азизов ба ин муттаҳам мешавад, ки дар пайи ошкор кардани қотили Дмитрий Каримов, пешхидмати 42-сола дар моҳи ноябри соли 2017 Ҳасан Ёдгоров, сокини 34-солаи шаҳри Турсунзодаро ҳамчун гумонбар боздошт кардааст. Ба гуфтаи тафтишот, Ҳасан Ёдгоров гуноҳи нокардаро таҳти шиканҷа бар дӯш гирифт ва наздики 8 моҳро дар зиндон сипарӣ кард.
Ин марди 42-сола ҳамсар надошт ва дар манзили иҷорае дар ин шаҳр танҳо зиндагӣ мекард. Ӯро аксаран ҳамчун “Димаи пешхидмат” мешинохтанд.
"Гуфтааст, зери шиканҷа баёнот дод"
Мирзошариф Шарифзода, додситони шаҳри Турсунзода, рӯзи 12-уми январ дар як сӯҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи муфаттиши муттаҳам дар шиканҷаро Додситонии кул тафтиш мекунад. Як мақоми дигари огоҳ аз парвандаи ин корманди Шӯъбаи корҳои дохилӣ гуфт, Ҳасан Ёдгоров ба тафтишот тасдиқ кардааст, ки мавриди шиканҷаи корманди пулис қарор дошт.
Ҳасан Ёдгоров, ки бо иттиҳоми куштор аз моҳи ноябри соли 2017 то нимаи соли 2018 дар боздошт қарор дошт, гуфтааст, зери шиканҷа ба тафтишот баёнот дод, ки ин ҷиноятро ӯ содир кардааст. Дар наворе, ки моҳи декабри соли 2017 тариқи телевизиони Тоҷикистон пахш шуд, ӯ нақл кард, ки чӣ гуна бо истифода аз корд “ба тарафи чапу рост ва қафаси синаи Дмитрий Каримов зарба зада ӯро кушт”. Танҳо ӯ замоне аз боздошт раҳо гашт, ки қотили аслӣ тасодуфан ошкору боздошт шуд.
Норозигии хонаводаи Шералӣ Азизов
Пайвандони Азизов даст доштани ӯро дар шиканҷаи зиндонӣ рад мекунанд. Эркин Азизов, бародари ин корманди пулис рӯзи 12-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бародараш инсони бераҳм нест ва ҷиноятро дигарон содир карда бар дӯши ӯ гузоштаанд.
Куштори Дмитрий Каримов, пешхидмати рустабор дар шаҳри Турсунзода дар моҳи ноябри соли 2017 сару садои зиёд ба бор овард. Ин марди 42-сола ҳамсар надошт ва дар манзили иҷорае дар ин шаҳр танҳо зиндагӣ мекард. Ӯро аксаран ҳамчун “Димаи пешхидмат” мешинохтанд.
Мақомот як моҳ пас аз ин куштор аз тариқи телевизиони давлатӣ аз боздошти айбдоршаванда хабар доданд. Дар навори телевизиони Ҳасан Ёдгоров саҳнаи қатлро нақл кард. Мақомот сӯҳбати ӯро “худиқрорӣ” унвон карда, ҳамчунин эълон намуданд, ки барои айбдор донистани ӯ дар куштор далелҳои кофӣ дар даст доранд. Дар гузориши телевизионӣ гуфта шуд, гӯиё Ҳасан Ёдгоров дар рӯзи қатли Каримов бо баҳонаи пайдо кардани манзил барои иҷора дари хонаи Дмитрий Каримовро кӯфтааст. Дар гузориш бо такя ба маводи тафтишотӣ гуфта шуд, гӯиё баъди ин ӯро кушта ҷиҳозашро бо худ бурдааст.
Ҳасан Ёдгоров: “Нисбат ба касе даъво надорам”
Ҳасан Ёдгоров, ки ҳоло дар озодӣ қарор дорад. аз сӯҳбат бо матбуот худдорӣ мекунад. Танҳо дар як сӯҳбати кутоҳ баъди раҳо шудан аз зиндон ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки “нисбат ба касе даъво надорад.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 8 моҳ дар нақши қотил. Ҳасан чаро куштори Дмитрийро ба гардан гирифт?Абдураҳмон Шарипов, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки ба хонаводаи Ёдгоровҳо кумаки ҳуқуқӣ расонидааст, мегӯяд, "дар ду ҳолат инсон гуноҳи нокардаро бар дӯш мегирад: ба хотири кадом манфиат бо ҷинояткори асосӣ забон як мекунад ва ё зери зарбу шиканҷа. Аз оне, ки додситонӣ нисбат ба корманди милиса парванда кардааст, пас, фарзияи дуюм ба ҳақиқат наздиктар аст.”
Зоҳиран, парвандаи корманди милисаи шаҳри Турсунзода бо ибтикори додситонӣ боз шудааст, зеро пайвандони Ҳасан Ёдгоров ва худи ӯ раҳояшро “як давлат” номида, гуфта буданд, ки ба касе даъво надоштанд.
Тибқи як таҳлили Эътилофи зидди шиканҷа дар шаш соли ахир 200 нафар аз амалкардҳои мақомоти интизомӣ, аз ҷумла шиканҷаву бадрафторӣ ба ҳомиёни ҳуқуқ шикоят кардаанд. Ахиран Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид аз он нигаронӣ карда, дар хулосаи худ гуфт, ки Додситонии кулли Тоҷикистон солҳои охир дар мавриди шиканҷа 89 шикоят дастрас кард, аммо фақат чаҳор корманди сохторҳои ҳифзи қонун ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.