Як гуруҳи дипломатҳои хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 28 то 30 декабри соли 2018 бо даъвати ҳукумати минтақаи худмухтори Чин – Шинҷон ба шаҳрҳои Урумчӣ, Кошғар ва Хутан сафар карданд.
Ба маълумоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ба гуруҳи дипломатҳо намояндагони 12 кишвар, аз ҷумла Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Индонезия, Кувайт, Малайзия, Покистон ва Тайланд шомил буданд.
Дипломатҳо дар онҷо бо рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа, маконҳои фарҳангӣ, муассисаҳои таълимӣ, масҷиду бозор ва иншооти дигари он шинос шуданд. "Дар ҷараёни боздид намояндагони сафоратхонаҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ суҳбат карда, бо вазъу шароити онҳо ошно шуданд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Ба иттилои расонаҳо, дипломатҳои хориҷӣ ҳамчунин аз урдугоҳҳои ба истилоҳ "марказҳои бозомӯзии сиёсӣ"-и Чин дидан кардаанд, вале Вазорати умури хориҷии Қирғизистон дар ин бора маълумот надод.
Дар бораи ташкили марказҳои мазкур дар Шинҷон ва боздошту нигаҳдории намояндагони ақалиятҳои миллии мусулмон дар онҳо бори аввал соли 2017 хабар дода шуд.
Шоҳидон, инчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, дар ин урдугоҳҳо одамонро иҷборан нигаҳдорӣ ва нисбати онҳо муносибати бераҳмона мекунанд. Вале Пекин ин иддаои расонаҳои хориҷӣ ва ҳомиёни ҳуқуқро як навъ "туҳмат" меномад.