Як мутахассиси мисрӣ ҳангоми хунсо кардани бомби худсохте дар наздикии як калисои қибтиҳо дар канори Қоҳира ба ҳалокат расидааст. Телевизиони давлатии Миср рӯзи 5-уми январ гуфт, ки дар натиҷаи таркиш дар маҳҳаллаи Шаҳри Наср ду афсари дигар захм бардоштаанд.
Абзори таркандаиро дар дохили халтае дар болои як боме дар наздикии калисо ёфтаанд. Мақомот гуфтанд, ки Мустафо Обид, ки минаҷӯ буд, дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.
Қибтиҳо рӯзи 7-уми январ Мавлуди Исои Масеҳро таҷлил мекунанд. Қибтиҳои Миср 10 дар сади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Аз моҳи декабри соли 2016 то кунун дар натиҷаи ҳамлаи ҷангҷӯён ва ифротгароёни исломӣ аз ҷумла гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” 100 нафар аз қибтиҳо кушта шудаанд.