Калисои Украина баъди 330 сол "худмухтор" шуд

Маросими супурдани эъломия дар Истанбул сурат гирифт.

Калисои православии Украина аз усқуфи аъзам Бартоломей санади расмиеро гирифт, ки ба тобеияти 330-солаи ин калисо ба Калисои православии Русия хотима дод. Эъломияи худмухториро, ки аз ин пештар имзо шуд, дар маросими махсус дар шаҳри Истанбул ба Эпифаний, усқуфи нави Киев рӯзи 6-уми январ супурданд.

Маросим дар Калисои Георгии муқаддас сурат гирифт ва дар он Петро Порошенко, раиси ҷумҳур, Андрей Парубий, раиси порлумон ва дигар мақомоти баландпояи Украина ҳузур доштанд.

Баъди хатми маросим Порошенко гуфт, бо қабули эъломияи худмухторӣ, муборизаи тӯлонии Украина барои таъсиси калисои мустақили православӣ ба поён расид. Ӯ гуфт, "Худованд бо Украина буд ва Украина бо Худованд аст.»

Шаҳри Истанбул дар гузашта Константинопол қароргоҳи усқуфи аъзами тамоми масеҳиёни православ буд. Усқуфи аъзам Бартоломей аз пайравонаш хост, ки Калисои Киевро ба расмият бишносанд ва дар ибодаташон дар ҳаққи он дуо кунанд.

Дар Русия мегӯянд, ҷудо шудани Калисои Киев аз Калисои Русия, натиҷаи «тафриқабарангезӣ» ва мудохилаи ҳукумати Украина ба умури калисо аст. Калисои Русия худмухтории Калисои Украинаро ба расмият намешиносад.