Русия шаҳрванди ИМА Пол Уиланро ба ҷосусӣ айбдор кард

Пол Уилан

Русия зидди шаҳрванди ИМА Пол Уиланро, ки 28 декабр дар шаҳри Москва дастгир шуд, ба ҷосусӣ муттаҳам кард. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо истинод ба як манбаи худ иттилоъ дод. Худи Уилан айби эъломшударо рад мекунад.

Вакили дифои шаҳрванди Амрико Владимир Жеребенков ба Интерфакс гуфт, ки аз болои қарори ҳабси Уилан ба додгоҳи шаҳрии Москва шикоят бурда, раҳоии ӯро ба ивази васиқа талаб дорад. Жеребенков аз шарҳи ҷузъиёти парванда худдорӣ кард.

Пол Уиланро маъмурони ФСБ Русия 28 декабр боздошт карданд ва 29 декабр бо қарори Додгоҳи Москва ба ҳабс гирифта шуд. Ба ӯ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Хабаргузории "Росбалт" бо истинод ба хадамоти махсуси Русия навиштааст, Уилан ҳангоми гирифтани флеш-картаи рӯйхати кормандони яке аз идораҳои махфии Русия боздошт шуд, ки сирри давлатӣ ба шумор меравад.

Сафири ИМА дар Русия Ҷон Ҳантсман рӯзи чаҳоршанбе бо Уилан дар боздоштгоҳи "Лефортово" мулоқот кард. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз Русия талаб кард, ки боздошти шаҳрванди кишварашро шарҳ дода, ӯро фавран озод кунад.

Пол Уилани 48-сола сарбози пешини нерӯҳои пиёдагарди баҳрии ИМА аст, ки дар Мичиган зиндагӣ мекунад. Ӯ солҳои ахир дар бахши амнияти ширкати BorgWarner кор мекард, ки барои автомошинҳо лавозими иловагӣ месозад. Ба гуфтаи The Washington Post, Пол Уилан соли 1994 дар нерӯҳои пиёдагарди баҳрӣ ба хизмат оғоз кард ва соли 2008 аз он хориҷ шуд.

Наздикони Уилан робитаи ӯро бо хадамоти ҷосусӣ рад мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ӯ барои иштирок дар тӯйи рафиқаш ба Москва рафтааст.